Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ақидаи Хоманеӣ роҷеъ ба музокира бо Амрико


Ояттуллоҳ Алӣ Хоманеӣ-раҳбари рӯҳонии Эрон гуфтааст, ки Теҳрон ба ҷуз аз масъалаҳои марбут ба барномаҳои ҳастаӣ бо шаш қудрати ҷаҳонӣ роҷеъ ба мавзӯъҳои дигар бо Амрико вориди музокира нахоҳад шуд.

Сафҳаи интернетии Хоманеӣ 9 сентябр аз қавли вай навиштааст, ки Теҳрон ба ҷуз аз масъалаҳои ҳастаӣ ва “дар мавридҳои махсус” бо Вашингтон музокира нахоҳад кард. Вай гуфтааст, “мо ба Амрико иҷоза намедиҳем, то роҷеъ ба мавзӯъҳои дигар музокира кунад”.

Хоманеӣ мегӯяд, ҳар гуна музокира василае барои Амрико хоҳад буд ва он нуфузи худро ба Эрон таҳмил мекунад.

Ин суханони Хоманеӣ дар ҳоле ба нашр расидааст, ки як рӯз пеш Ҳасан Рӯҳонӣ-раиси ҷумҳури Эрон гуфт, кишвараш омода аст роҷеъ ба ҳали муноқишаҳои Сурия бо Амрико ба музокира биншинад.

XS
SM
MD
LG