Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири хориҷаи ИМА Тоҷикистонро бо иди Истиқлолият табрик кард


Ҷон Керрӣ бо ирсоли як номаи табриконӣ ба Тоҷикистон ба муносибати 24-умин солгарди истиқлолияти ин кишвар гуфтааст, ки “Тоҷикистон шарики муҳими Амрико дар минтақа аст ва аҳамияти ин кишвар дар ҷаҳон дар ҳоли афзоиш аст”. Ба таъкиди ҷаноби Керрӣ, Амрико талошашро барои густариш ва тақвияти равобиту ҳамкориҳо бо Тоҷикистон дар ҳама соҳаҳо, ба хусус беҳтар кардани фаъолияти кормандони ҳифзи ҳуқуқ афзоиш хоҳад дод. Вазири корҳои хориҷии Амрико “аз иродаи мардуми Тоҷикистон барои таъмини ояндаи орому демократӣ” истиқбол кардааст. Ҳамзамон Ҷон Керрӣ, аз ҳодисаҳои фоҷеабори 4 сентябр дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ ва ба пайвандону наздикони ҳалокшудагон изҳори ҳамдардӣ баён кардааст. Паёми табрикии Ҷон Керрӣ ба мардум ва давлати Тоҷикистон ба муносибати 24 – умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон дар ҳолест, ки Барак Обама, президенти Амрико дар паёме ҳамтои тоҷикаш - Эмомалӣ Раҳмонро ба ифтихори ҷашни истиқлоли кишвараш шодбош гуфтааст.

XS
SM
MD
LG