Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вохӯрии вакилон бо интихобкунандагон


Муддати даҳ рӯзи оянда вакилони Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон дар манотиқи мухталиҷфи кишвар бо интихобкунандагони худ мулоқоту вохӯриҳо анҷом медиҳанд. Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси намояндагон чоршанбеи 9 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “мувофиқи Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, вакилон, дар рўзҳои таҷлили ҷашни 24-солагии истиқлоли кишвар аз 8 то 18 сентябри соли ҷорӣ ба вилоятҳои Суғд, Хатлон, Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сафар карда ва бо интихобкунандагони худ мулоқоту вохӯриҳо анҷом медиҳанд.”

Ин вакилон дар пайи интихоботи порлумонии 1 марти соли ҷорӣ интихоб гардидаанд. Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон дорои 63 курсӣ аст, ки аксарияти намояндагони онро аъзои ҳизби ҳокими халқии демократӣ ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG