Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

1 кушта ва 8 боздоштшуда аз миёни тарафдорони генерал Назарзода


Дар пайи амалиёти муштараки сохторҳои қудратии Тоҷикистон боз як нафар ҳамроҳи Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба Ҳоҷӣ Ҳалим, собиқ муовини вазири дифоъ дар дараи Ромит кушта ва ҳафт тани дигар боздошт гардиданд. Ба иттилои дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, “дар натиҷаи амалиёти муштараки кормандони вазорати корҳои дохилӣ, кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва додситонии кулли Тоҷикистон дар таърихи 8 сентябр дар мавзеи Ромити шаҳри Ваҳдат 7 узви гурӯҳи террористии Абдуҳалим Назарзода боздошт ва 1 тани дигар безарар гардонида шуд.” Ин манбаъ афзуд, “нафари кушташуда ҳангоми боздошт муқовимати мусалаҳҳона нишон дода безарар гардонида шудааст”. Ба таъкиди ин манбаъ “аз ин гурӯҳи ҷиноятпеша 8 адад автомат, 16 адад тирдон ва миқдори зиёди тирҳои мухталиф ва дигар лавозимоти ҷангӣ кашфу мусоидар карда шудааст”. Аммо тибқи итттилои расмӣ аз оғози амалиёти муштарак алайҳи гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба Ҳоҷӣ Ҳалим дар таърихи 4 сентябр то кунун садҳо адад силоҳу лавозимоти ҷангӣ, ки бо роҳи фиребу зӯроварӣ ва сохтакорӣ тасарруф карда шудаанд, мусодира шудааст.

То имрӯз дар натиҷаи амалиёт, 60 узви гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода боздошт ва 18 нафари дигар кушта шудаанд. Ин ҳисобҳо дар ҳолест, ки қаблан мақомоти расмӣ гуфта буданд, ки Назарзода ҳамроҳи 6-7 нафар аз ҳамроҳонаш ба Ромит фирор кардааст ва дар иҳотаи нерӯҳои амниятӣ аст.

XS
SM
MD
LG