Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозорҳои шаҳри Душанбе баста шуданд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Бозори “Корвон”, “Саховат”, “Султони Кабир”, “Шоҳмансур” ва маркази тиҷоратии “Панҷшер” ва “Ганҷина” субҳи 6-уми сентябр дарро бар рӯи харидорон боз накарданд. Расман сабаби бастани дарҳои бозор дар Душанбе шарҳ дода нашудааст, аммо масъули яке аз бозорҳои ин шаҳр ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо бо як қарори шаҳрдор эҳтимол то 10-уми сентябр кор накунанд. Ӯ гуфт, ба хотири он ки ҷашни истиқлол ором бигузарад ва дар ин рӯзҳо рафтуомад камтар бошад, бозорҳо муваққатан баста шудаанд.

Аммо тоҷирон мегӯянд, ба онҳо танҳо гуфтаанд, ки рӯзи якшанбе сари кор набошанд, зеро ин рӯз “рӯзи тозагӣ” эълон шудааст ва бояд атрофу дохили бозор аз ахлотҳо тоза карда шавад. Анвар Камолов, як тоҷири бозори “Корвон” гуфт, “ин як кори маъмулӣ ҳаст, ки дар ду ё се моҳ чунин рӯз эълон мекунанд ва даромадгоҳоро таъмир мекунанду бархе шиорҳо мечаспонанд. Аммо мо аз ин ки се рӯз сари кор намешавем, хабар надорем.”

Қаблан ҳам ба хотири корҳои ободонӣ барои як рӯз бозорҳо дар Душанбе баста мешуданд, аммо хеле кам иттифоқ меафтад, ки дар як рӯз ҳамаи бозорҳо дари худро бар рӯи харидорон бибанданд.

XS
SM
MD
LG