Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Каримов: Ба пойгоҳҳои хориҷӣ ниёз надорем


Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон, ҳама имкони ҷойгиршавии пойгоҳи низомии хориҷӣ дар қаламрави кишварро рад кард. Зимни суханронӣ дар Тошканд рӯзи 1 сентябр зимни таҷлил аз Рӯзи истиқлоли Узбакистон, ӯ гуфт, ки нерӯҳои мусаллаҳи кишвар ҳам дар ягон амалиёти низомӣ дар хориҷ аз Узбакистон ширкат нахоҳанд кард.

Изҳороти Ислом Каримов панҷ рӯз баъд аз он пахш шуд, ки ИМА аз Узбакистон хост, то ба Эътилофи байнулмилалии зидди гурӯҳи “Давлати исломӣ” ҳамроҳ шавад.

Мақомоти Олмон моҳи январи соли равон гуфтанд, ки низомиёнашон бо вуҷуди хурӯҷи нерӯҳои байнулмилалӣ аз Афғонистон, дар пойгоҳи низомии шаҳри Тирмиз, воқеъ дар ҷануби Узбакистон, боқӣ хоҳанд монд.

Ислом Каримов ҳанӯз аз замони шӯравӣ раҳбарии Узбакистонро бар ӯҳда дорад. Ӯ аз сӯи кишварҳои ғарбӣ ва созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар барои манъи дигарандешӣ ва нақзи озодиҳои шаҳрвандӣ пайваста танқид мешавад.

XS
SM
MD
LG