Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саҳми Чин дар коҳиши бӯҳрон дар Тоҷикистон


Мақомоти “Амонатбонк” мегӯянд, ки тайи шаш моҳи гузашта Чин тавассути фақат ҳамин бонк барои коҳиш додани таъсири буҳрони молӣ ба кишвар даҳ миллион доллар додааст. Темуралӣ Афғонов, сардори идораи муносибатҳои байнулмилалии “Амонатбонк” 1 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, “аз ин ҳисоб 35 дарсадаш барои бахши кишоварзӣ, 30 дарсад ба соҳаи истеҳсолӣ ва бақия барои рушди соҳибкории миёнаву хурд равона шудааст.” Ба қавли Афғонов, дар панҷ соли гузашта Бонки давлатии рушди Чин танҳо тавассути “Амонатбонк” 42 миллион доларро барои иҷрои 73 тарҳ дар Тоҷикистон бо фоизи кам ва муҳлати тӯлонӣ дастрас кардааст. Ин масъули “Амонатбонк” мегӯяд, рӯзи 2 сентябр дар ҷараёни сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Чин, миёни намояндаҳои ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки давлатии рушди Чин барои гирифтани 18 миллион доллари дигар созишнома ба имзо хоҳад расид. Ӯ гуфт, ин миқдор пул барои сохтмони бинои нави Амонатбонк дар маркази пойтахт харҷ хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG