Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ММТ тақсимоти такрории довталабонро анҷом медиҳад


Маркази миллии тестии назди президенти Тоҷикистон тақсимоти такрории довталабонеро, ки дар озмуни гузариш ба донишгоҳҳо роҳҳат нагирифта буданд, анҷом медиҳад. Маҳмадалӣ Раҳмонов, муовини раиси Маркази миллии тестӣ, 28 август бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “ҳукумати Тоҷикистон ба Маркази миллии тестӣ иҷозат додааст, то тақсимоти такрорӣ барои 15 ҳазор довталабе, ки холи гузаришро ба даст оварда буданд, аммо дар озмуни тақсимот роҳҳат нагирифтаанд, гузаронад.” Ба ин тартиб, ба гуфтаи Раҳмонов, тақсимоти такрорӣ, аз 29 август шурӯъ шуда ва ба муддати се рӯз, яъне то 31 август, идома пайдо мекунад. Маҳмадалӣ Раҳмонов, муовини раиси Маркази миллии тестӣ гуфт, тақсимоти такрорӣ дар 12 нуқтаи ба қайдгирӣ дар қаламрави кишвар, аз ҷумла 4 нуқта дар Душанбе, 5 дар Хатлон, 2 дар Суғд, 1 дар Бадахшон довталабонро дар доираи балли гирифтаашон тақсимот хоҳанд кард. Ҷаноби Раҳмонов мегӯяд, “онҳое, ки балли зиёдтар гирифтаанд, ҳатман донишҷӯ хоҳанд шуд, аммо онҳое, ки балли камтар гирифтанд, наметавонанд донишҷӯ шаванд.”

XS
SM
MD
LG