Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози тамринҳои "Гром-2015" дар Фахробод


Дар размоишгоҳи “Фахробод” машқҳоии вижаи тактикии “Гром-2015” шурӯъ шуданд, ки қарор аст ҳашт рӯз идома мекунад. Ба иттилои расмӣ, рамзоиш бо ширкати ҷузъу томҳои таъиноти махсуси идораҳо ва хадамоти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирот, нируҳои умури дохила ва амниятии кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти дастаҷамъӣ, ки ба ҳайати нируҳои таъиноти махсус шомиланд, баргузор мегардад”.

Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи Оҷонсии назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳадафи размоиш – тамрини бастани роҳҳои интиқоли қочоқи маводи мухаддир, қатъ намудани фаъолияти гурӯҳҳои ҷиноятпеша дар манотиқи марзии Тоҷикистон, баланд бардоштани малакаи касбии кормандони ҷузъу томҳои таъиноти махсус зимни ҷилавгирӣ аз интиқоли маводи мухаддир, силоҳ, лавозимоти ҷангӣ ва маводи тарканда аст.

Дар маросими оғози размоиши муштарак раҳбарони хадамотҳои мубориза бо маводи мухаддири Русия, Қирғизистон ва Тоҷикистон ва муовини Дабири кулли СПАД ва ҳамчунин намояндагони Шӯрои амният, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон, сафирон ва атташеҳои низомии кишварҳои хориҷи муқими Тоҷикистон ширкат доранд. Ба гуфтаи Хушнуд Раҳматуллоев, машқҳои махсуси тактикӣ дар ду марҳила ҷараён мегирад.

Тоҷикистон бо Афғонистон, макони аслии кишту интиқоли маводи мухаддир ба кишварҳои минтақа ва Аврупо беш аз 1300 километр марзи муштарак дорад. Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи Афғонистон дар шаш моҳи аввали сол 12 амалиёти муштаракро баргузор ва беш аз ним тонна маводи нашъадорро кашфу мусодира кардаанд. Дар яке аз ин амалиётҳо як коргоҳи тавлиди ҳероин дар вилояти Бадахшони Афғонистон аз байн бурда шуд.

XS
SM
MD
LG