Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиш дар Кобул 12 нафарро кушт


Бар асари таркиши бомб дар назди як шифохонаи хусусӣ дар Кобул 12 нафар кушта шуданд ва камаш 60 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Вазорати умури дохилии Афғонистон гуфт, ки 9 ғайринизомӣ ва аз ҷумла як хориҷӣ дар ин таркиш кушта шудаанд. Ба гуфтаи мақомот, ҳадафи бомбгузорӣ, корвони мошини хориҷиён будааст ва бино ба гузоришҳо як корманди хориҷии қарордодӣ дар ин ҳамла ҷон додааст. Чанд мошин ҳам бар асари таркиш нобуд шудаанд ва шишаҳои панҷараҳои шифохонаи хусусии Шинзода ҳам рехтаанд.

XS
SM
MD
LG