Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамоиши занони мусулмон алайҳи ифротгароӣ


Занони фаъоли мусулмон дар Осиёи Марказӣ дар ҳамоише, ки 21 август дар Бишкек ҷараён мегирад, масъалаи мубориза бо терроризм ва ифротгароиро баррасӣ хоҳанд кард. Дар ин ҳамоиш аз ҷумла 9 зани фаъоли тоҷик ҳузур доранд. Файзиннисо Воҳидова, ҳуқуқдони маъруфи тоҷик ва яке аз иштирокдорони ҳамоиш ба Озодӣ гуфт, “форум бо ҳимояти дастгоҳи иҷроияи президенти Қирғизитсон, ҳукумат ва муфтиёти ин кишвар ва, инчунин, созмонҳои иҷтимоӣ ташкил шудааст.”

Ҳадаф аз ин ҷилавгирӣ аз ифротгароӣ бо кумаки занони мусулмон будааст. Ин нишаст дар ҳоле баргузор мегардад, ки мақомоти Тоҷикистон то ҳол аз ҳузури 12 зани тоҷик бо фарзандони хурдсолашон дар ҷангҳои Ироқ ва Сурия хабар додаанд. Ба қавли мақомот, иддае аз заноне, ки бо ҳамроҳии шавҳаронашон ба Сурия рафта буданд, баъд аз ҳалокати ҳамсарҳояшон маҷбурӣ ба ҷангиёни дигар издивоҷ кардаанд ва фарзандонашонро ба лагери террористӣ супурдаанд.

XS
SM
MD
LG