Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Искандар» ба артиши Эрон меравад


Русия маҷмааи зиддимушакии С-300-ро дар ихтиёри Эрон мегузорад. Созиши ниҳоӣ дар ин бора ҳафтаи оянда дар Маскав имзо хоҳад шуд.

Таҷҳизоти зиддимушакии С-300 худи ҳамин сол ба Эрон интиқол меёбад, навиштаанд баъзе расонаҳо бо такя ба манбаъҳояшон дар вазорати умури хориҷии Русия. Аз ин пеш Ҳусейн Деҳқон, вазири дифои Эрон гуфта буд, ки ҳайати низомии кишвар барои имзои қарордод оид ба С-300 ҳафтаи оянда ба Маскав меравад ва “ягон монеъа дар ин роҳ мавҷуд нест”.

Созиши ибтидоӣ, ки соли 2007 имзо шуда буд, ба иддаои расонаҳои чопи Маскав, фурӯши се дивизиони маҷмааи зиддимушакиро ба Теҳрон пешбинӣ мекард, аммо ҳоло Маскав омада аст, ки чаҳор ё ҳатто панҷ дивизиони С-300-ро ба Теҳрон интиқол диҳад. Ҳар яке аз ин дивизионҳо соҳиби чаҳор маҷмаа ва ҳар маҷмаа дорои 64 мушак аст, тавзеҳ мекунад Раҷаб Сафаров, раиси Маркази мутолеоти Эрони муосир.

Сафар Раҷабов
Сафар Раҷабов

Қарор аст, ки маҷмааҳо дар минтақаҳои осебпазири Эрон, аз ҷумла, дар марзҳои ҷанубии кишвар, дар сарҳади Ироқу Туркия мустақар шаванд. Мақомоти эронӣ яке аз дивизионҳоро дар наздикиҳои нерӯгоҳи ҳастаии «Бушеҳр» ҳам ҷойгир хоҳанд кард, зеро як зарбаи ҳавопаймо ба ин нерӯгоҳ боиси осеби ҷиддӣ ба иқтисоди Эрон хоҳад шуд, мегӯяд ӯ. Марзҳои ҷанубии Эрон дар Халиҷи Форс ҳам ба дифои мушакӣ зарурат доранд. Аҷаб нест, ки Эрон яке аз дивизионҳоро дар наздикиҳои муассисаҳои калидии ҳастаии кишвар мустақар кунад.

ВОШИНГТОН МУХОЛИФ АСТ, АММО...

“Амрико ба созиши миёни Маскаву Теҳрон оид ба С-300 мухолиф аст”. Ҷон Кирбӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷаи ИМА, назари кишварашро ба қарордоди миёни Русияву Эрон ҳамин гуна ташреҳ кард. Мавқеи мо дар ин бора маълум аст, мо мухолифи фурӯхтани ин маҷмаа ба Эронем ва вазири умури хориҷа Ҷон Керрӣ нигаронияшро дар ин бора ба ҳамтои русаш Сергей Лавров иброз доштааст, гуфт ӯ дар нишасти хабарӣ дар Вошингтон. “Созиш мухолифи қатъномаи Шӯрои амниятии СММ нест, вале мо он нуктаро тафтиш мекунем, ки оё он қонунҳои ИМА дар бораи таҳримҳо алайҳи Эронро нақз намекунад?”

Дар ҳамин бархе коршиносон ҳадс мезананд, ки шояд ИМА алайҳи бархе аз ширкатҳои русӣ, аз ҷумла, "Алмаз-Антей" ва "Рособоронэкспорт", ки масъули сохтану фурӯхтани С-300 мебошанд, таҳримҳои нав ҷорӣ кунад. Аммо Павел Фелгенгауэр, коршиноси масоили низомии муқими Маскав, бо ин гуфтаҳо розӣ нест, зеро Вошингтон бори дигар иқрор намуд, ки С-300 таҷҳизоти дифоъист ва аз ин рӯ, зери таҳримҳои СММ қарор надорад.

Аммо мақомоти амрикоӣ ҳатман кунҷковӣ хоҳанд кард, ки Маскав чӣ гуна таҷҳизоти С-300-ро дар ихтиёри Теҳрон мегузорад. Гап сари он ки Русия тавлиди таҷҳизоти С-300 ПМУ-ро, ки Эрон талабгораш аст, кайҳо қатъ кардааст ва ҳама корхонаҳои низомӣ ба истеҳсоли маҷмааи С-400 машғуланд. Аҷаб нест, ки пораҳо аз таҷҳизоти кӯҳнаро бо таҷҳизоти муосир васл мекунанд, бигирем ба онҳо компутарҳои нав ё таҷҳизоти рақамии идораи мушакҳоро мегузоранд, мегӯяд таҳлилгари рус.

Павел Фелгенгауэр
Павел Фелгенгауэр

Айни ҳол маълум нест, ки ин мушакҳои бузургҳаҷм чӣ гуна ба Эрон интиқол меёбанд, қаблан Русия таҷҳизоти низомияшро ба Ховари Миёна, аз ҷумла, Сурияву Эрон аз тариқи Украина ва аз он ҷо аз тариқи гулӯгоҳи Босфор мефиристод, аммо ҳоло ин гуна имкон аз даст рафтааст. Айни ҳол ду роҳи баҳрии дигар мавҷуд аст – яке аз тариқи баҳри Балтик ва дигарӣ тавассути баҳри Хазар ба шимоли Эрон ва зимнан, роҳи дуввум барои Русия арзонтар хоҳад уфтод.

КРЕМЛ: ФАҚАТ БО ЭРОН КОР КУНЕД!

Павел Фелгенгауэр қарордоди хариду фурӯши С-300-ро “саргардонтарин созиш дар таърихи робитаҳои Теҳрну Маскав” мехонад. Созиш ба маблағи 900 миллион доллар ҳашт сол пеш имзо шуд. Аммо соли 2010, баъд аз қатъномаи навбатии СММ оид ба Эрон, Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури вақти Русия, фурӯши ин таҷҳизоти зиддимушакӣ ба Эронро манъ кард. Теҳрон аз болои Русия ба Додгоҳи байнулмилалӣ дар Женева шикоят бурд ва аз ширкати “Рособронэскпорт” 4 миллиард доллар талаб намуд. Сафири Эрон дар Русия Маҳмудризо Саҷҷодӣ дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар Маскав гуфт, ки таҷҳизоти С-300 силоҳи дифоист ва аз ин рӯ ба феҳристи силоҳи фурӯшаш ба Эрон мамнӯъ шомил нест. Он вақт Теҳрон барои дастрас кардани ин таҷҳизот аз тариқи Венесуэла ҳам изҳори омодагӣ карда буд.

13 апрели соли равон раисиҷумҳури Русия Владимир Путин фармони раҳбари пешинро лағв кард ва ба фурӯши маҷмааи С-300 ба Теҳрон иҷоза дод.

Раҷаб Сафаров ризояти Маскав барои фурӯши маҷмааи С-300 ба Эронро бо он омил марбут мекунад, ки баъд аз имзои созиши ҳастаӣ бо Теҳрон дар моҳи июли соли равон мубориза миёни кишварҳои гуногун барои бозори Эрон шурӯъ шудааст. Бархеҳо ҳадс мезананд, ки шояд баъд аз имзои созиши ҳастаӣ Теҳрон рӯ тарафи Ғарб кунад ва дӯстияш бо Русияро «фаромӯш» созад. Аммо Маскав бозори Эронро аз даст доданӣ нест. Маҳз ба ҳамин хотир, агар пештар ширкатҳои русӣ дар бораи ҳамкорӣ бо Эрон ҳатто шунидан намехостанд, ҳоло ба онҳо аз Кремл дастур шудааст, ки ҳама талошу имкониятҳоро барои кор бо Эрон равона кунанд…

XS
SM
MD
LG