Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иштироки низомиёни тоҷик дар "Ҳамкорӣ - 2015"


Як гурӯҳ аз низомиёни тоҷик дар размоши муштараки нерӯҳои вижаи Созмони паймони амнияти дастҷамъӣ таҳти унвони “Ҳамкорӣ – 2015” иштирок мекунанд. Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон, рӯзи 19 август бо тасдиқи ин хабар ба Озодӣ гуфт, “ин гурӯҳ иборат аст, аз гурӯҳи фаврии Ситоди Марказӣ ва чатрбозони нерӯҳои вокуниши сареи Вазорати дифои Тоҷикистон, ки 22 август озими вилояти Вскови Русия хоҳанд шуд." Ба қавли Маҳмадалиев, ҳайати низомиёни тоҷикро полковник Ҷаҳонгир Назаралиев, яке аз масъулони Ситоди Марказии нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон раҳбарӣ мекунад ва размоиш 28 август ба поён мерасад. Маҳмадалиев афзуд, дар размоиши “Ҳамкорӣ – 2015” ҳамчунин низомиён аз Русия, Арманистон, Белорус, Қазоқистон ва Қирғизистон иштирок хоҳанд кард. Тибқи иттилои сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон барузории ин гуна размоишҳо дар чорчӯби ҳамоҳангии нерӯҳои вокуниши сареи СПАД аз соли 2009 то кунун дар қаламрави ҳар кишвари узви ин созмон сурат мегирад. Ҳадафи аслии баргузории ин размоиш ҳамоҳангии нерӯҳои вокуниши сареи СПАД, қобилияти ҷангӣ ва омода будан ба ҳар гуна хатару таҳдиҳо унвон мешавад. Тоҷикистон, Русия, Белорус, Арманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон узви Созмони паймони амнияти дастаҷамӣ мебошанд.

XS
SM
MD
LG