Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози нишасти вазирони адлияи СҲШ дар Душанбе


Нишасти севуми Шӯрои вазирони адлияи кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар шаҳри Душанбе оғоз шуд. Хабарнигори Радиои Озодӣ аз маҳалли баргузории ин нишаст иттилоъ дод, ки дар ин ҷаласа вазирони адлияи кишварҳои узви СҲШ - Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистону Тоҷикистон ва, инчунин, намояндагони кишварҳои нозир – Афғонистон, Ҳинд ва Покистон иштирок доранд. Баррасии дурнамои ҳамкориҳо миёни вазоратҳои адлияи кишварҳои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва таъмини волоияти қонун ва ҳамоҳангӣ дар қонунгузориҳои кишварҳои узв аз масоили матруҳа дар нишасти Душанбе аст. Интизор меравад, дар поёни нишаст, изҳороти муштарак қабул шуда ва мувофиқатномаи ҳамкорӣ миёни вазорати адлияи кишварҳои узв ба имзо бирасад.

XS
SM
MD
LG