Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамла вазири дохилаи Панҷоб кушта шудааст


Мақомоти Покистон хабари марги вазири умури дохилаи вилояти Панҷоб бар асари ҳамлаи маргталаб ба манзили ин мансабдорро тасдиқ карданд. Бар пояи иттилои ахир, дар ин ҳодиса дасти кам нӯҳ нафар ба ҳалокат расидаанд.

Дар ин таркиш, ки рӯзи 16-уми август, ҳангоми мулоқоти вазири умури дохилаи вилояти Панҷоб Шуҷоъ Хонзода бо мардум дар шаҳри Шодӣ Хон рӯй дод, боми манзил фурӯ рехт. .

Кормандони полис мегӯянд, ки шояд теъдоди қурбониёни ҳодиса афзоиш ёбад, зеро дар мулоқот бо вазир дасти кам 20 сокини маҳаллӣ ширкат доштанд ва баъзеи онҳо зери харобаҳо мондаанд.

Масъулияти ин ҳамларо гурӯҳи ифротгарои "Лашкари Ислом" бар ӯҳда гирифт ва эълом дошт, ки аз ин баъд низ чунин ҳамлаҳоро анҷом хоҳад дод. Вале мақомоти покистонӣ мегӯянд, ки "Лашкари Ислом" аз ин пеш аз чунин ҳамлаҳо ба мақомоти баландпоя кор нагирифта буд ва куштори вазири панҷобӣ шояд кори дасти толибон ё гурӯҳи мамнӯи "Лашкари Ҷангвӣ" бошад

XS
SM
MD
LG