Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии тарҳи кумак ба Юнон дар Афина


Вакилони порлумони Юнон барномаи фавқуллода муҳими наҷоти молии кишварро рӯзи 13-уми август ба баррасӣ гирифтанд. Қарор аст, рӯзи 14-уми август, вазирони молияи кишварҳои ҳавзаи евро барои қабули ин барнома раъй диҳанд. Бар асоси ин барнома, ба Юнон барои се соли оянда 85 миллиард евро кумаки молӣ мекунанд, вале дар иваз ҳукумат аз буҷа сарфаҷӯӣ кунад ва молиётро боло барад. Ин чораҳои сахтгирона дар Юнон мухолифони зиёд дорад, вале нахуствазир Алексис Сипрас, гуфтааст, ба ғайр аз иҷрои ин талабҳо дигар чорае надорад. Ҳизби чапгарои Сиризаи Алексис Сипрас моҳи январ бо ваъдаи даст кашидан аз барномаи сарфаҷӯӣ ба ҳукумат расид. Иттиҳодияи Аврупо, Бонки Марказии Аврупо ва Сандуқи Байналмилалии Пул барои наҷоти молии Юнон аз вартаи муфлисӣ кӯмаки молӣ карда ва дар иваз аз он хостаанд, хароҷоти зиёди буҷаро кам кунад. Юнон бояд то рӯзи 20-уми август кумаки молиро ба даст биёрад ва қарзи 3 миллиарду 200 миллион евроии Бонки Марказии Аврупоро баргардонад.

XS
SM
MD
LG