Таркиши қавие шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистонро такон дод. Мақомот гуфтанд, як маргталаб рӯзи 10-уми август мошини бомбгузоришудаашро ба посгоҳи фурудгоҳи Кобул равона кардааст ва дар натиҷаи таркиш 7 нафар аз ҷумла як кудак кушта шудаанд. Вазорати умури дохилии Афғонистон гуфт, ки талафот дар миёни ғайринизомиён ва нерӯҳои амниятӣ ҳам ҳаст. Касе масъулияти ҳамлаҳоро бар дӯш нагирифтааст. Дар ҳафтаи гузашта дар натиҷаи ҳамлаву бомбгузориҳои Толибон дар Кобул даҳҳо нафар кушта шуданд ва садҳо тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Аз ҷумла таркиши рӯзи 7-уми август, хунинтарин бомбгузорӣ баъди ихроҷи нерӯҳои ҷангии байналмилалӣ аз Афғонистон ба шумор меравад. Ин нерӯҳо охири соли 2014 Афғонистонро тарк карданд.