Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манъи вуруди 14 ҳунарманд ба Украина


Иосиф Кобзон дар нимҷазираи аз сӯи Русия замимашудаи Қрим
Иосиф Кобзон дар нимҷазираи аз сӯи Русия замимашудаи Қрим

Вазорати фарҳанги Украина рӯзи 8 август феҳристи ҳунармандони рус ва хориҷиеро нашр кард, ки фаъолияташон ба амниятии миллӣ таҳдид мекунад. Ба феҳрист 14 нафар, аз ҷумла, Иосиф Кобзон, Олег Газманов, Сергей Безруков, Михаил Боярский, Валерия, Григорий Лепс, Иван Охлобистин, Жерар Депардие, шомиланд.

Феҳрист аз сӯи вазорати фарҳанг дар асоси муроҷиати Шӯрои амнияти миллӣ ва мудофиаи Украина, Хадамоти амният, Шӯрои миллии Украина оид ба масоили телевизиону радио таҳия шудааст. Қарор аст, ки феҳрист пайваста такмил карда шавад.

Бар пояи тағийру иловаҳо ба баъзе қонунҳои Украина оид ба дифои паҳнои иттилоотӣ, Кумитаи давлатии кинематография муҷаввизи давлатии он муассисаҳоеро лағв мекунад, ки дар филмҳои пахшкардаашон афроди ба феҳристи ҳунармандони барои амнияти давлатӣ хатарнок саҳме доштаанд.

Дар аввал вазорати фарҳанги Украина феҳристи иборат аз 115 ҳунарманди мамнӯъулвуруди Русияро таҳия карда буд ва аммо баъд аз пешниҳодҳои созмонҳои ҷамъиятӣ ин рӯйхат «таҳрир» карда шуд.

XS
SM
MD
LG