Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Блаттер аз узвияти КБО канор меравад


Зепп Блаттер, раиси ФИФА, Федератсиони байнулмилалии футбол, аз мақомаш дар Кумитаи байнулмилалии олимпӣ (КБО) ҳам истеъфо медиҳад. Қарор буд, ки узвияти ӯ ва чанд узви дигари садорати Кумитаи байнулмилалии олимпӣ рӯзи 3 август дар нишасти вижа баррасӣ шавад, аммо ба иттилои раиси КБО Томас Бах, моҳи гузашта Блаттер ба ӯ гуфт, ки барои дар узвияти Кумитаи байнулмилалии олимпӣ боқӣ мондан талош нахоҳад кард.

Зепп Блаттер ду моҳ пеш, баъд аз ҳабдаҳ соли раҳбарияш эълон кард, ки аз мақоми худ истеъфо медиҳад. Интихоби раҳбари нави ФИФА моҳи феврали 2016 баргузор хоҳад шуд.

Блаттер баъди он аз мақоми раиси ФИФА истеъфо дод, ки рӯзи 27 майи соли ҷорӣ Додситонии кулли Швейтсария хабар дод, бар зидди чанд нафар аз раҳбарони ФИФА бо гумони сӯистифода ва шустушӯи пул дар робита ба пардохти "ҷоизаҳо" дар ивази ба даст овардани ҳаққи мизбонии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2018, ки дар Русия доир мешавад ва Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022, ки Қатар мизбонаш мебошад, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Аз ин пеш идораи адлияи Швейтсария (FOJ) аз боздошти 7 мақоми футбол бо дархости мақомоти Амрико хабар дода буд.

Блаттер аз соли 1989 узви КБО буд ва моҳи марти соли оянда бояд аз ин мақом канор мерафт, зеро, бар пояи ойиннома, синни аъзои Кумитаи байнулмилалии олимпӣ набояд аз 80-сола боло бошад.

XS
SM
MD
LG