Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти сокини Душанбе бо 30 кило ҳероин


Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегуянд, рӯзи ҷумъа зимни амалиёте дар шаҳри Душанбе аз мошини як сокини пойтахт тақрибан 30 кило ҳероин кашфу мусодира кардаанд. Вазорати умури дохилӣ рӯзи 2-уми август дар вебсайташ хабар дод, ки рӯзи 30-уми июл ҳангоми тафтиши мошини як сокини 44-солаи дар маҳаллаи 46-уми Душанбе аз дохили мошини ӯ се бастаи ҳероинро пайдо карданд. Вазорат номи шаҳрванди боздоштшударо ошкор накардааст. Алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ боз карданд.

XS
SM
MD
LG