Маркази домени милии “TJ”-и назди раёсатҷумҳурии Тоҷикистон иддаои истифодабарандагони ин ҳавзаи интернетиро, ки мегӯянд, чандин сомона дар он бе огаҳӣ ё далели муайян баста шудаанд, бесос хонд. Қадамҷон Сафизода, раиси ин марказ рӯзи 28 июл ба радиои Озодӣ гуфт, домени “tj” фаъол ва ҳамаи смонаҳо дар он бозанд. Вай гуфт, эҳтимол онҳое, ки маблағи иҷораи доменро напардохтаанд, ба таври автоматӣ аз истифодаи ин нишонӣ маҳрум гаштаанд. Ба гуфтаи ҷаноби Сафизода, домен барои як сол дода мешавад ва агар мӯҳлати он гузашта бошад, ба таври автоматӣ баста мешавад. Дар ҳоли муроҷиати корбар мутахассисони маркази ҳавзаи “tj” мушкилро мавриди омӯзиш қарор медиҳанд. Ин изҳорот дар ҳоле садо медиҳад, ки маҷаллаи TJornal ва Владислав Сиплухин, мудири нашрияи интернетии “ИД Комитет», ҳарду дар Русия навиштаанд, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳиби домени “tj” бидуни шарҳи пешакӣ сомонаҳои онҳоро бастааст. Сиплухин ҷониби Тоҷикистонро ба он айбдор мекунад, ки ба номаҳои онҳо дар мавриди сабабу иллати бастани домен посух намедиҳад. Аммо Қадамҷон Сафизода раиси Маркази домени миллии “TJ”-и назди раёсатҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд дар мавриди масдуд шудани домени “tj” ҳеҷ гунна нома дарёфт накардааст ва ҳеҷ ҷонибе онҳоро дар ҷараён нагузоштааст. Вай меафзояд дар ҳавзаи миллии “TJ” зиёда аз 5000 сомона мавҷуд буда, бархӯрд ба ҳамаи онҳо одилонаю мунсифона аст.