Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гирдиҳамоии раҳбарони ҷаҳони ислом дар Маскав


Моҳи сентябр раҳбарони ҷаҳони ислом дар Маскав гирдиҳам меоянд, то дар маросими кушоиши масҷиди ҷомеи ин шаҳр дар хиёбони Мир ширкат ҷӯянд. Дар ин бора рӯзномаи “Известия”-и чопи Маскав хабар додааст.

Дар феҳристи даъватшудагон раҳбарони Арабистони Саудӣ, Фаластину Урдун, Қатару Кувайт, Туркияву Қазоқистон, Қирғизистону Озарбойҷон, Туркманистону Узбакистон, Тоҷикистону Эрон ва кишварҳои дигар ҳастанд. Ин рӯзнома хабар додааст, ки маросими мазкур барои 23 сентябр дар остонаи Иди Қурбон пешбинӣ шудааст. Ҳайатҳои Амрикову Туркия, Ҳиндустону Чад, Судону Либия ва Ироқ ширкати худ дар ин маросимро таъйид кардаанд.

Бино ба маълумоти идораи мусулмонони Русия, дар ин кишвар тақрибан 20 миллион мусулмон зиндагӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG