Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Яғмои 7,5 млрд рубл дар бунёди космодром


Додситонии кулли Русия далелҳои рабуда шудани 7,5 миллиард рубл пули буҷа ҳангоми бунёди космодроми “Шарқӣ” дар вилояти Амурро ошкор намуд. Дар ин бора Додситони кулли Русия Юрий Чайка рӯзи 27 июл дар нишасте оид ба натиҷаҳои ним соли фаъолияти додситонҳо хабар дод.

Моҳи гузашта аз рӯи парвандаи масрафи 106 миллион рубли барои сохтмони ин космодром ҷудошуда раиси парлумони минтақаи Хабаровск Виктор Чудов дастгир шуд. Муфаттишон мегӯянд, ки ин мансабдор ҳамроҳ бо раиси пешини муассисаи давлатии “Далспетсстрой” аз дигар ширкатҳо сементу лӯла ва металл харида, онҳоро бо нархи гаронтар ба ширкатҳои давлатии масъули бунёди космодром мефурӯхт.

Барои бунёди космодроми “Шарқӣ”, ки аз аз соли 2012 ба ин сӯ идома дорад, 300 миллиард рубл ҷудо карда шудааст. Шурӯъ аз моҳи марти соли равон коргарон ба нишони эътироз алайҳи сари вақт пардохт нашудани маош чанд бор коршиканӣ ва гуруснашинӣ карданд.

Қарор аст, ки нахустин мушак аз ин космодром охири соли равон ба ҳаво партоб шавад.

XS
SM
MD
LG