Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари бритониёӣҳо ба Эрон сабуктар мешавад


Филип Ҳаммонд
Филип Ҳаммонд

Вазорати корҳои хориҷаи Британия муқаррароти сафар ба Эронро сабуктар кардааст. Дар муқаррароте, ки 25 июл ба нашр расид, гуфта мешавад, ки шаҳрвандони Британияро дигар водор нахоҳанд кард, то аз ҳамаи сафарҳои ғайризарурӣ ба Эрон худдорӣ намоянд.

Бо вуҷуди ин, дар ин муқаррарот ё тавсиянома ба шаҳрвандони Британия машварат додаанд, ки аз сафар ба манотиқи марзӣ бо Ироқу Покистон ва Афғонистон худдорӣ кунанд.

Филип Ҳаммонд-вазири корҳои хориҷа гуфт, ки дар давраи раёсати ҷумҳурии Ҳасан Рӯҳонӣ “душманӣ нисбат ба шаҳрвандони Британия камтар шудааст”. Сафоратхонаи Британия дар Тенҳрон баъд аз ҳамлаи соли 2011 аз ҷониби эътирозгарон то ҳол баста аст.

Ин сабукиҳо баъд аз созишномаи миёни шаш қудрати ҷаҳонӣ бо Эрон дар бораи маҳдудияти барномаҳои ҳастаии Эрон мушоҳида мешавад. Созишнома 14 июл дар Вена ба даст омада буд.

XS
SM
MD
LG