Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

10% афзудани содироти барқи Тоҷикистон


Вазорати энергетика ва захираҳои обии Тоҷикистон аз ҳудуди 10 дар сади афзудани содироти нируи барқ ба хориҷи кишвар дар нимаи аввали соли ҷорӣ хабар дод. Масъулони вазорати энергетика ва захираҳои обии Тоҷикистон рӯзи чоршанбеи 22 июл зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфтанд, ки дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ Тоҷикистон ба хориҷи кишвар 546, 4 миллион киловат соат нерӯи барқ содир кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли беш аз 9,4 дар сад бештар аст. Ба гуфтаи ин масъулон, аз ин миқдор 504 миллион киловат соат ба Афғонистон ва бақия ба Қазоқистон содир шудааст. Ба таъкиди масъулони вазорати энергетика ва захираҳои обии Тоҷикистон, аз моҳи оянда содирот ба хориҷи кишвар, ба хусус Афғонистон боз бештар карда мешавад. Ин ҳам дар ҳоле, ки 70 дарсади нерӯи барқе, ки Афғонистон ворид мекунад, аз Тоҷикистон аст.

Ба ин тартиб тибқи иттилои масъулон дар ҳоли ҳозир Афғонистон дар ҳудуди 300 меговат нерӯи барқи Тоҷикистонро ворид мекунад ва бо иҷрои тарҳи КАСА –1000 ин тавоноӣ бештар хоҳад гашт. Зимнан, ба гузориши вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон муддати шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ дар нерӯгоҳҳои Тоҷикистон 8 миллиарду 660 миллион киловат соат тавлид шудааст. Ин рақам дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 5,7 дарсад бештар аст.

Тоҷикистон бо он, ки дар фасли тирамоҳ ва зимистон ба камбуди ҳудуди 4 миллиард киловат соат неруи барқ рӯ ба рӯ аст ва муддати шаш моҳ аҳолӣ аз тариқи лимит ё маҳдудият барқ мегиранд, аммо дар фасли тобистон барқи изофӣ беш аз 3 миллиард киловат соатро ташкил медиҳад, ки ниёз ба содироти он ба хориҷи кишвар аст.

XS
SM
MD
LG