Муноқишаи ду бародар барои манзил дар шаҳри Исфара боиси ҳалокати яке аз онҳо шудааст. Як манбаъ дар Идораи корҳои дохилии вилояти Суғд аз ин бародарон ном набурд ва танҳо гуфт, ки ҳодиса 20 июл рух додааст. Ба қавли манбаъ, ин бародарон яке 34 ва дигаре 39-сола буда, ҳарду бо зану фарзандонашон дар як манзили заминӣ дар Исфара мезистаанд. “Муноқишаи байни онҳо аз баҳси соҳибӣ ба хона сар зада, бародари калонӣ хурдиро бо корди хоҷагӣ мезанад ва ба қатл мерасонад. Далели шайъӣ - корде, ки бо он ин ҷиноят содир шудааст, ба даст оварда шуд,” -- афзуд манбаъ. Ҳоло аз рӯи ин ҳодиса бар асоси банди “куштор”-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз шудааст.