Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди қурбониёни ҳамла дар Чаттануга ба 5 кас расид


Теъдоди қурбониёни тирандозӣ дар шаҳри Чаттануга, аёлати Теннессии ИМА ба панҷ нафар расид - рӯзи 18 июл яке аз ду нафари ҷароҳатбардошта, старшинаи Нерӯҳои ҳарбӣ-баҳрии Амрико аз олам даргузашт.

Рӯзи 16 июл Муҳаммад Юсуф Абдулазиз, шаҳрванди кувайтитабори Амрико, дар қароргоҳи қабули ихтиёриён ба артиш ва сипас дар маркази тамрин, ки аз ҷойи ҳодисаи аввал тақрибан 10 километр дур аст, тирандозӣ кард. Чаҳор корманди нерӯҳои ҳарбӣ-баҳрии ИМА кушта ва ду нафари дигар, аз ҷумла, як корманди полис маҷрӯҳ шуданд. Худи ҳамлагар дар тирандозӣ бо пулис кушта шуд.

Бюрои федеролии тафтишот ин ҳамларо амали террористӣ арзёбӣ кардааст ва аммо сабабҳои тирандозӣ ва робитаи Абдулазиз бо тундравони исломӣ ошкор нашудаанд.

Бар пояи иттилои пешакӣ, Муҳаммад Юсуф Абдулазиз аз шаҳри ҳамсояи Франклин ба Чаттанугу барои аёдати пайвандонаш дар арафаи Иди Фирт омада буд.

XS
SM
MD
LG