Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чор ҳукми "сафед" дар Тоҷикистон дар шаш моҳ


Масъулони Шӯрои адлияи Тоҷикистон дар нишасти хабарии ин ниҳод гуфтанд, ки дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ чор ҳукми “сафед” дар додгоҳҳо содир шудааст. Ба иттилои масъулони Шӯрои адлияи Тоҷикистон, “додгоҳҳои Тоҷикистон дар шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ нисбат ба 4 маҳкумшуда ҳукмҳои “сафед” содир карданд, ки ду нафари онҳо пурра сафед ва дуи дигар қисман сафед карда шудааст.” Зимнан, ба иттилои Шӯрои адлия “дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба додгоҳҳои кишвар 5 ҳазор парванда ворид шудааст, ки аз он 4241 парванда баррасӣ гардидааст.”

XS
SM
MD
LG