5 нафар сарбозони Украина дар минтақаи дурафтодаи шарқи Украина дар таркиши мина ба ҳалокат расиданд. Александр Мотузяник 5 июл ба хабарнигорон гуфт, ки ин ҳодиса дар рустои Донетский тақрибан дар 50 километрии шаҳри Луҳанск рух додааст.
Даргириҳо миёни нируҳои ҳукуматӣ ва ҷудоихон баъд аз имзои созишномаи оташбас дар моҳи феврал коҳиш ёфтааст, вале ҳар ду ҷониб якдигарро гаҳ-гоҳе барои нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.
Мотузяник мегӯяд, ки вазъ дар минтақаи муноқиша ҳамчунон ором нест ва шӯришиёни ҷудоихоҳ ҳамлаҳои мусаллаҳона анҷом медиҳанд, вале нисбат ба гузаштаҳо шиддати ин ҳамлаҳо камтар шудааст.