Дар Ереван-пойтахти Арманистон тазоҳуроти эътирозӣ ба марҳилаи аслии худ наздик шудааст. Дар ин бора Давит Санасариян -ҳамоҳангсози ин эътирозҳо хабар дод. Ин эътирозҳо ду ҳафта пеш оғоз ёфта буд ва то ҳол идома дорад.
Санасариян хитоб ба ҳазорон нафар эътирозгарони хиёбони Баграмян дархостҳои аслӣ ба президент Серж Саркисянро бори дигар такрор кард. Яке аз ин дархостҳо лағви қарори 17 июн дар бораи 16 дарсад боло бурдани нархи истифодаи нируи барқ мебошад.
Дархости дигар ба муҷозот кашондани кормандони пулис барои истифодаи ниру бар зидди эътирозгарону рӯзноманигорон дар 23 июн мебошад.
Ба гуфтаи Санасариян, агар ҳукумат дархостҳои онҳоро қабул накунад, ҳар шаб эътирозгарон як қадам монеаҳои гузоштаро ба бинои ҳукумат наздик мекунанд.