Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар нимаҷазираи Синой 11 низомӣ кушта шуд


Бар асари ҳамлаи исломгароҳо дар нимҷазираи Синои Миср дасти кам 11 низомии артиши кишвар кушта шуданд. Ба иттилои расмӣ, маргталабҳо мошини ҳомили маводи таркандаро дар канори қароргоҳи полис дар шаҳри Шайх Зубайди вилояти Синои шимолӣ инфиҷор карданд. Бар пояи бархе хабарҳо, чанд тан аз низомиҳо асир уфтодаанд.

Дар ҳамин ҳол расонаҳои маҳаллӣ дар бораи силсилаи ҳамлаҳо хабар доданд, ки дар онҳо даҳҳо низомӣ ба ҳалокат расидааст.

Ҳамла ду рӯз баъд аз куштори Додситони кулли Миср Ҳишом Баракат дар Қоҳира ба вуқӯъ пайваст.

Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ, раисиҷумҳури Миср, рӯзи 1 июн дар маросими дафни Ҳишом Баракат таҳдид кард, ки омилони куштори додситони кулли ин кишвар “дар фурсати кӯтоҳ” ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Ӯ ҳамчунин гуфт, ба зудӣ ҳукми эъдоми фаъолони “Ихвон-ул-муслимин”, аз ҷумла раисиҷумҳури пешин Муҳаммад Мурсӣ, иҷро хоҳад шуд. Додситони кулли Миср солҳои охир бо баррасии ҳазорҳо қазияи марбут ба аъзои ин гурӯҳ машғул буд.

XS
SM
MD
LG