Бар асари гармои бесобиқа дар вилояти ҷанубии Синд рӯзи сешанбе беш аз 25 нафар ба ҳалокат расиданд. Вазорати ҳифзи сиҳати Покистон рӯзи 1 июл хабар дод, ки дар маҷмӯъ дар ин вилоят 1256 нафар қурбони гармо шудаанд.
Дар шаҳри Қарочӣ ҳам ҳазорон нафар баъди то 45 дараҷа тафсидани ҳарорати ҳаво ҷон бохтанд. Аз гармои бесобиқа, ба иттилои расмӣ, тақрибан 100 ҳазор нафар аз сокинони шаҳр осеб дидаанд.
Мақомоти давлатӣ барои талоши нокофӣ дар ҳалли ин бӯҳрон мавриди интиқоди шадиди мардум ва аҳзоби сиёсӣ қарор гирифтанд.
Ба гуфтаи сокинони шаҳр, вазъ баъди он мушкилтар гардид, ки нерӯи барқ соатҳо қатъ мешуд ва онҳо аз истифодаи таҷҳизоти шамолдиҳӣ маҳрум мемонданд.
Гармои бесобиқа имсол дар моҳи шарифи Рамазон рӯй дод, ки мардуми мусалмон аз сари субҳ то шом иҷозаи тановули ғизо ва нӯшидани обро надоранд.