Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳрумияти ду созмон аз ҳаққи қарздиҳӣ


Бонки миллии Тоҷикистон ду созмони амонативу қарзӣ - “Ҳамдастӣ” ва “Молия ва сармоя”-ро ба муддати як сол аз ҳаққи додани қарз ва ҷалби амонатҳо маҳрум сохт. Аз дафтари Бонки миллӣ 29 июн ба “Озодӣ” гуфтанд, ду созмони амонативу қарзӣ барои “риоя накардани талаботи қонунгузории бонкӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” аз ҳаққи ҷалби амонат ва пасандозҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, додани қарзи хурд ба муҳлати 1 сол маҳрум карда шудаанд. Инчунин, ин ду ташкилоти хурди қарзиву амонатӣ муваззаф шудаанд, ки ба хотири беҳтар намудани ҳолати молиявии ҷамъият ва иҷрои уҳдадории хеш дар назди амонатгузорон дар муҳлати на дертар аз 15 рӯз баъд аз қабули қарори мазкур нақшаи чорабиниҳоро таҳия карда, ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

XS
SM
MD
LG