Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар масҷиди Кувайт як саудӣ худро таркондааст


Баъд аз таркиш дар масҷид
Баъд аз таркиш дар масҷид

Мақомоти Кувайт мегӯянд, маргталабе, ки ду рӯз пеш худро дар масҷиди шиаҳо инфиҷор кард, шаҳрванди Арабистони Саъудӣ буд. Вазорати умури дохилии Кувайт рӯзи 28 июн изҳор намуд, ки Фаҳд Сулаймон Абдулмуҳсин Ал-Қабаъа субҳи ҷумъа, чанд соат пеш аз таркиш дар масҷиди Имом Содиқ дар пойтахти Кувайт, аз ҳавопаймо фуруд омдааст.

Масъулияти ин ҳамларо, ки дар он 27 намозгузор кушта ва беш аз 220 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд, гурӯҳи “Давлати исломӣ” бар ӯҳда гирифт.

Аз ин пеш мақомоти Кувайт гуфтанд, ки хадамоти амниятӣ ронандаеро, ки террористро то ҷойи ҳодиса овардааст ва соҳиби манзилеро, ки Ал-Қабаъа чанд муддат он ҷо мондааст, боздошт кард. Онҳо шаҳрвандони Кувайтанд.

Рӯзи шанбе ҳазорон нафар дар маросими дастаҷамъонаи дафни қурбониёни ҳамла ба масҷиди шиаҳо ширкат карданд. Сунниҳову шиаҳо аз гӯшаву канори кишвар дар Масҷиди бузурги Кувайт ҳамроҳ намоз гузоштанд. Бештари мардум бо худ парчами Кувайт ё парчами сиёҳи мотам доштанд ва “Сунниҳову шиаҳо бародаранд!” шиор мезаданд.

XS
SM
MD
LG