Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Артиши Афғонистон Вайгалро озод кард


Артиши Афғонистон дубора волусволии Вайгали вилояти кӯҳии Нуристон, воқеъ дар марз бо Покистонро таҳти назорат қарор дод. Ин волусволӣ як рӯз пеш аз сӯи мусаллаҳони толибон ишғол шуда буд.

Саидуллоҳ Нуристонӣ, раиси шӯрои вилоят рӯзи шанбе хабар дод, ки Толибон шоми 26 июн аз волусволии Вайгал берун карда шуданд. Абдул Қаюм, волии Нуристон гуфт, ки дар даргире, ки чанд соат идома кард, 18 корманди полис кушта ва 20 нафари дигарашон маҷрӯҳ шуданд.

Аммо Толибон хабари дубора таҳти назорати ҳукумат даромадани ин волусволиро рад карданд.

Дар ҳамин ҳол бар асари зарбаи ҳавопаймои ҷангӣ дар вилояти Қундуз, бино ба иттилои Абдул Сабур Нусрат, раиси полиси вилоят, 19 тан аз толибон кушта ва 8 нафари дигарашон маҷрӯҳ шуданд.

XS
SM
MD
LG