Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

500 доллар ришва барои билети ҳарбии Тоҷикистон


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, зимин гузаронидани тафтишоти фаврӣ корманди 52-солаи Комиссариати ҳарбии шаҳри Исфара, барои омода намудани билети ҳарбӣ аз марди 29-солаи сокини Исфара 500 доллар талаб кардааст. Дафтари матуботи Вазорати корҳои дохилӣ бо тасдиқи ин хабар 25 июн ба радиои Озодӣ гуфт корманди комиссариати ҳарбии шаҳри Исфара, ки барои омода намудани билети ҳарбӣ аз як сокини ин ноҳия 500 доллар талаб кардааст, рӯзи 23 июн боздошт карда шуд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ному насаби корманди то анҷоми пурраи тафтишот ошкор карда намешавад. Гумонбаршуда дар дохили автомашинаи шахсиаш бо тамғаи “Мерседес-Бенс” ҳангоми гирифтани 600 сомонӣ дастгир карда шудааст. Вай то замони боздошташ дар давраи аз 29 май то 15 июн аз ҷабрдида 2580 сомонӣ ришва ситонидааст.

XS
SM
MD
LG