Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фарҷоми талхи ишқи зани рус ба мардикори тоҷик


Додгоҳи минтақаи Преображенское дар шаҳри Маскав як соҳибкори маҳаллиро бо ҷурми қатли коргари тоҷикаш ба 6 соли зиндон маҳкум кард. Бино ба ҳукми додгоҳ, Виктор Волошин шаҳрванди 23-солаи Тоҷикистон Муҳаммадиро аз ғояти рашк куштааст. Бино ба гузориши нашрияи «МК»-и чопи Маскав, ҳамсари Волошин, ки бори сеюм ҳомила шуда буд, дар сари ҷанҷол ба шавҳараш иқрор мекунад, ки падари аслии тиҳфли батнаш на ӯ, балки Муҳаммадист. Волошин баъди шунидани ин эътироф рӯзи 6 августи соли 2014 Муҳаммадиро ба яке аз амборҳояш дар кӯчаи Амурская дар минтақаи Голяновои пойтахти Русия даъват карда, аз пистолет ӯро мепарронад. Волошинро аллакай як рӯз баъд дастгир ва инак ба 6 соли зиндон маҳкум карданд.

XS
SM
MD
LG