Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаримаи 2 раиси ҷамоат барои сӯхтори ҷангалзор


Ду раиси ҷамоат дар ноҳияи Фархор барои нобуд кардани дарахтон тавассути сӯхтор ба маблағи ҳар кадоме 800 сомонӣ, муҷозот шудаанд. Хадамоти оташнишонии ноҳияи Фархор раисони ҷамоати “20-солагии Истиқлолият” ва “Ватан”-ро барои аз сӯхтор эмин нигоҳ надоштани дарахтон айбдор дониста ва онҳоро бо пардохти ҷарима, муҷозот кардааст. Ин ҳам дар ҳоле, ки ин раисони ҷамоатҳо мегӯянд, онҳо бо фармони раиси вилояти Хатлон ба манзури кишти такрорӣ, заминҳоро оташ задаанд.

Сайдаҳмад Саидов, сардори идораи Хадамоти оташнишонии ноҳияи Фархор сешанбеи 23 июн дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар воқеъ раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар як сафари корияш ба хоҷагидорон супориш дод, то барои кишти такрорӣ, майдонҳои аз ғалла холимондаро оташ зананд. Аммо раисони ҷамоатҳо зимни оташ задани майдони холимондаи ғаладдона, бемасъулиятӣ нишон дода, ки дар натиҷа ҳудуди як гектар замини боғ аз сӯхтор осеб дидааст.

Фархор, ноҳияи марзӣ буда, мардум ба кишоварзӣ, ба хусус ғаллакорӣ машғул мешаванд. Ду маротиба дар заминҳои ин минтақа кишти ғалладона сурат мегирад. Аммо дар пайи бемасъулиятӣ дар ду ҷамоати ноҳияи Фархор бар иловаи 10 гектар замин, боз як гектар боғзор низ оташ гирифтааст.

XS
SM
MD
LG