Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкатҳои мобилӣ аз 1 июл аз муштариён "ҳаққи иловагӣ" мегиранд


Ширкатҳои мобилии Тоҷикистон эълон карданд, ки аз аввали моҳи июл барои истифодаи ҳар як рақами мобилӣ аз муштариёни худ пули иловагӣ ё "пардохти абонентӣ" хоҳанд гирифт.

Чаҳор ширкати бузурги мобилии Тоҷикистон -- Babilon-M, Tcell, Beeline ва Мегафон дар торнамоҳои расмии хеш ба муштариёнашон дар мавриди ҷорӣ шудани пардохти комилан нав барои "истифодаи рақами мобилӣ" хабар доданд. Онҳо гуфтаанд, аз 1 июли соли ҷорӣ аз соҳибони ҳар як сим-корт дар як моҳ 80-дирамӣ ҳақ хоҳанд ситонд.

Матни изҳороти ин ширкатҳои мобилӣ тақрибан якхела аст ва дар он гуфта мешавад, ин тасмим баъд аз иқдоми нави Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар мавриди боло бурдани ҳаққи истифода аз рақамҳои мобилӣ гирифта шудааст. Ширкатҳои мобилӣ, инчунин, ба муштариёнашон гуфтаанд, ҳаққи "истифодаи рақами мобилӣ" новобаста аз тарофа аз ҳар сим-корт гирифта хоҳад шуд.

Ширкатҳо аз ҷорӣ шудани пардохти нав дар гуфтугӯҳо тариқи NGN ҳам хабар додаанд. Ҳаққи "истифода аз рақами NGN" аз сӯи ширкати Babilon-M 50 дирам дар як моҳ муқаррар шудааст.

Ин тасмими ширкатҳои мобилӣ дар ҳолест, ки ҳафтае қабл Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бо судури як амрнома иҷораи рақамҳои мобилӣ ва NGN-ро то 18 маротиба боло бурд. Агар дар гузашта иҷораи як рақам дар як моҳ ба 10 дирам баробар буд, ҳоло ин қимат ба 1,82 сомонӣ расида, аз ҳисоби худи муштариён гирифта мешавад.

Дар Тоҷикистон то кунун 11 миллиону 600 ҳазор сим-корти ширкатҳои мобилӣ фурӯхта шудааст, ки аз ин ҳисоб 6 миллиону 400 ҳазорашон фаъол ё "зинда" будаанд. Мақомот мегӯянд, сим-корте, ки дар тӯли се моҳ ақаллан як занги пулакӣ анҷом медиҳад, фаъол ҳисобида мешавад.

Бинобар ҳисобҳои коршиносон, танҳо муштариёни фаъол дар як сол 139 миллион сомониро иловатан ба буҷаи Хадамоти алоқа ворид мекунанд.

Қаблан ҳаққи иҷораи рақами мобилӣ чандон гарон набуд ва ширкатҳои мобилӣ ин пардохтро аз ҳисоби даромадҳои худашон ҷуброн мекарданд, ки муштариён онро эҳсос намекарданд. Аммо ба якборагӣ 18 маротиба боло рафтани ин қимат ширкатҳои мобилиро водор кард ин маблағро на аз ҷайби худ, балки аз ҷайби муштариён бигиранд.

XS
SM
MD
LG