Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи симкартаҳо ҷайби муштариро сӯрох хоҳад кард


Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ қимати иҷораи рақамҳои мобилӣ ва NGN-ро аз 10 дирами қаблӣ то 1,82 сомонӣ барои як моҳ боло бурдааст.

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бо судури як амрнома иҷораи рақамҳои мобилӣ ва NGN-ро то 18 маротиба боло бурдааст. Агар дар гузашта иҷораи як рақам дар як моҳ ба 10 дирам баробар буд, ҳоло ин қимат ба 1,82 сомонӣ расида, аз ҳисоби худи муштариён ситонида мешавад.

Дар Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир 11 миллиону 600 ҳазор аз хадамоти телефонии мобил истифода мекунанд ва аз ин шумор 6 миллиону 400 ҳазор нафарашон фаъол шумурда мешаванд. Бинобар ҳисобҳои коршинсон, танҳо муштариёни фаъол дар сол 139 миллион сомониро иловатан ба буҷаи Хадамоти алоқа ворид мекунанд ва пешгӯи кардан душвор нест, ки ширкатҳои мобилӣ низ ин маблағро на аз ҷайби худ, балки аз киссаи муштиариён хоҳанд ситонд.

Як манбаъ дар яке ширкатҳои мобилии Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ин амрномаи Хадамоти алоқа дар мавриди боло бурдани нархи истифодаи рақами телефони мобилӣ таҳти рақами 1-649, рӯзи 9 июни соли ҷорӣ содир шудааст. Ин иттилоъро дар сӯҳбат бо мо Ғафурҷон Эркаев, раиси Анҷумани ширкатҳои мобилии Тоҷикистон ҳам тасдиқ кард. Ӯ рӯзи 12 июн гуфт, гароншавӣ натанҳо ба рақамҳои мобилӣ ва NGN, балки ба телефонҳои хонагӣ ва ҳамагуна иртиботи электронӣ ҳам дахл дорад.

Телефон қимат шуд, чӣ кор мекунед?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:39 0:00

"Нарх аз сӯи Хадамоти алоқаи Тоҷикистон пешниҳод ва аз тарафи Хадамоти зиддинҳисорӣ тасдиқ шудааст. Қаблан қимати иҷораи рақамҳо арзон ва то андозае рамзӣ буд. Аз ин рӯ, пули онро ширкатҳои мобилӣ аз ҳисоби даромади худашон пардохт мекарданд. Аммо ҳамакнун ин қимат хеле болост ва ширкатҳои мобилӣ маҷбуранд, онро аз ҳисоби муштариён ситонда, ба буҷаи Хадамоти алоқа бисупоранд." гуфт Эркаев.

Ҷаноби Эркаев мегӯяд, бар замми хароҷоти алоқаи мобилӣ ва андози аксизӣ ширкатҳои мобилӣ аз ҳар муштарӣ дар оғози ҳар моҳ пардохти иловагиро бо номи “барои истифодаи рақами телефон” хоҳанд ситонд. Чунки ба таъкди Эркаев, қаблан ин маблағи ночиз буд ва аз ҳисоби ширкатҳо пардохт амешуд ва ҳоло, ки ин маблағ ба маротиб боло рафтааст, табъан ширкатҳо низ онро аз муштарӣ мегиранд.

Масъулони Хадамоти алоқа ва Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз шарҳи ин тасмими хеш худдорӣ варзиданд. Аммо ширкатҳои мобилӣ мегӯянд, ки ҳарчанд ин амрнома 9 июн содир шудааст, аммо амалан санаи пардохти иҷораи рақамҳо бо нархи нав аз 1 апрел муайян карда шудааст.

Қаблан, 1 апрели соли ҷорӣ, Кумитаи андози Тоҷикистон низ мизони андози аксизиро аз се дарсади қаблӣ то ба 5 дарсад боло бурда буд. Чаҳор ширкати бузурги мобилӣ ва интернетрасони Тоҷикистон - Бабилон, Мегафон, Билайн ва Тселл тариқи торнамоҳои расмиашон муштариёнро аз болоравии қимати андози аксизӣ огоҳ сохтанд. Аммо то ҳол ширкатҳо дар бораи маблағи иловагие, ки акнун муштарӣ бояд барои иҷораи рақам бояд бипардозад, иттилое нашр накардаанд. Бо ин амр ҳар корбари телефони мобилу интернет дар сол бояд беш аз 18 сомони маблағи иловагӣ супоранд.

Тағйиру иловаҳо ба Кодекси андоз барои боло бурдани андози аксизӣ аз 3 то ба 5 дарсад рӯзи 18 март аз сӯи раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ шуд ва баъд аз нашраш дар рӯзномаҳои расмӣ аз якуми апрел ба иҷро даромад. Аммо Кумитаи андози Тоҷикистон аз ҳамаи ширкатҳои мобилӣ пардохти андози 5-фоизаро аз якуми январ, яъне се моҳ қабл аз ба тасвиб расиданаш талаб дорад, ки ин вазъ нигаронии ширкатҳои мобилии кишварро ба вуҷуд овард.

Раҳбарони ширкатҳои мобилӣ гуфтанд, бо ҷорӣ шудани андози аксизии 5-дарсадӣ сарбории андоз нисбат ба ширкатҳои мобилӣ аз 50 фисад мегузарад ва ширкатҳо маҷбур хоҳанд шуд, беш аз нисфи даромади худро ба андоз супоранд.

XS
SM
MD
LG