Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ал Қоида марги Билмухторро рад кард


Мухтор Билмухтор
Мухтор Билмухтор

Бахши Ал Қоида дар Африқои Шимолӣ гузоришҳоро дар бораи қатли Мухтор Билмухтор-раҳбари тундравҳои исломӣ рад кардааст. Бино ба ин хабар, гӯё Билмухтор ахиран дар Либия кушта шудааст.

Шоми 18 июн Ал Қоида дар Твиттери худ навишт, Билмухтор, ки бо номи Холид Абу Аббос низ шинохта мешавад, “зиндаву саломат” аст.

Ҳукумати Либия 15 июн эълон карда буд, ки Билмухтор яке аз шахситяҳои муҳими тундравҳо дар Африқои Шимолӣ дар марз бо Саҳро дар ҳамлаи нируҳои ҳавоии Амрико кушта шуд. Вазорати дифои Амрико таъйид кард, ки Билмухторро мавриди ҳамла қарор додааст, вале марги вайро таъйид накард.

Билмухтор созмондиҳандаи ҳамлае ба як чоҳи нафти Алҷазоир шинохта шуда буд, ки дар он 40 нафар коргарон кушта шуда буданд. Дар бораи куштани вай то ҳол чанд бор гузоришҳо пахш шудааст.

XS
SM
MD
LG