Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

​Сӯҳбати Улумӣ ва Карзай дар бораи ДОИШ


Нурулҳақ Улумӣ
Нурулҳақ Улумӣ

Вазири умури дохилии Афғонистон гуфт, шуморе аз шӯришиён мехоҳанд, ба хотири боқӣ мондан дар ин кишвар парчами гурӯҳи "Давлати исломӣ"-ро боло карда ва аз ин роҳ барои маблағгузорияшон манбаъ ҷустуҷӯ кунанд. Нурулҳақ Улумӣ рӯзи шанбе дар як нишасти хабарӣ дар Кобул гуфт, ин афрод аз шӯришиёни тоҷик, узбак, қирғиз, чечен ва турку уйғур иборатанд.

Вай афзуд, "онҳо талош мекунанд, то аз мавқеи ҷуғрофиёӣ ва шароити кунунии амниятии Афғонистон суд бурда ва бо эҷоди пойгоҳ бо решаҳояшон, ки дар берун аз ин кишвар қарор доранд, робита барқарор намоянд." Оқои Улумӣ таъкид кард, аммо нерӯҳои амниятии афғон иҷоза нахоҳанд дод, то ба ҳадафҳои худ бирасанд.

Ин изҳорот дар ҳоле баён мешавад, ки Ҳомид Карзай – раисиҷумҳури собиқи Афғонистон дар як мусоҳибаи тозаи худ гуфт, зуҳур ва густариши ДОИШ дар Афғонистон метавонад кишварҳои минтақаро бо хатарҳои ҷиддӣ рӯбарӯ кунад. Оқои Карзай, ки бо ОРТ ё шабакаи аввали Телевизиони Русия сӯҳбат мекард, гуфт, “агар дар оянда ДОИШ дар Афғонистон зуҳур ёфта ва нерӯманд шавад, ба ин маънист, ки аз ҳимояти хориҷиҳо бахӯрдор аст”. Вай дар идома гуфтааст, ҳадафи гурӯҳи “Давлати исломӣ” бесубот кардани минтқа ва бахусус кишварҳои Осиёи Миёна, Чин ва Русия мебошад.

XS
SM
MD
LG