Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Ростов ба консулгарии Украина ҳамла карданд


Виталий Москаленко

Ба консулгарии Украина дар шаҳри Ростови лаби Дон ҳамла сурат гирифтааст ва онро хароб кардаанд. Виталий Москаленко-консули Украина дар ин шаҳр гуфт, ки шабона афроди ношинос 17 тирезаи консулгариро шикастаанд.

Ин афрод ба дохили консулгарӣ тухму помидор партофтаанд ва як бушқоби 40 килограмии биринҷиро дар пештоқи консулгарӣ пора кардаанд.

Ба гуфтаи Москаленко, дар соатҳои ҳамла дар дохили консулгарӣ касе набудааст. Бояд пулис афроди гумонбарро боздошт кунад.

Минтақаи Ростов бо Украина ҳаммарз аст ва аз замони оғози даргириҳо дар манотиқи шарқии Украина афроди зиёд аз қаламрави Украина ба минтақаи Ростов гузаштаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG