Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои уламо аз тоҷирон хост, ки нархҳоро дар Рамазон набардоранд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Шӯрои уламои Маркази исломӣ аз тоҷирон хостааст, дар остонаи моҳи Рамазон, ки имсол 18 июн меояд, нархи маҳсулоти ғизоиро боло набурда ва сокинонро ҳам дар вазъи ногувор нагузоранд.

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аз тоҷирони кишвар хост, ки дар остонаи моҳи Рамазон нархи маҳсулоти ғизоиро боло набурда ва сокинонро дар шароити ногувор қарор надиҳанд. Имсол Рамазон ба 18 июн рост меояд ва ҳар сол дар ин моҳ нархи маводи ғизоӣ, бахусус гӯшт дар бозорҳои кишвар боло рафта, боис ба норозигии сокинон мешавад.

Шӯрои уламо дар паёми худ ба сокинон ва тоҷирон, ки дар торнамои расмияш нашр кардааст, мегӯяд, "тоҷирони кишварро, ки вазифаи басе пурмасъулият бар дӯш доранд, даъват мекунем, дар ин моҳи муборак аз ҳар вақти дигар бештар дар ҷустуҷӯи ризогии Парвардигор бошанд ва ҳаққи мардумро риоят кунанд. Маводи ғизоӣ ва дигар молҳои ниёзи мардумро бо нархи даҳчанд ба мардум нафурӯшанд."

Ба қавли масъулони Шӯрои уламо, дар баробари он ки ба ҳар некӣ дар Рамазон чанд некӣ зам мешавад, "ба ивази ҳар гуноҳ низ сазои сангин хоҳад буд". Ин дархости Шӯрои уламо аз тоҷирон дар ҳолест, ки ҳар сол дар омад-омади моҳи Рамазон қимати маводи ғизоӣ дар бозорҳо боло мераванд. Соли гузашта бахусус болоравии якбораи нархи гӯшт сокинонро нигарон карда, шаҳрдории Душанберо маҷбур сохта буд, нархи ягонаи гӯштро эълон бидорад. Агар дар аввали тобистони соли гузашта 1 кило гӯшт ба 32 сомонӣ савдо мешуд, дар моҳи Рамазон ба 38-40 сомонӣ расид.

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Марказии исломии Тоҷикистон рӯзи 11 июн дар ҷаласаи ин Шӯро ва 12 июн дар намози ҷумъа эълон кард, ки моҳи Рамазон имсол рӯзи панҷшанбеи 18 июн оғоз меёбад. Вай бо муроҷиат ба аъзоёни Шӯро гуфт, дар ҳолати мушоҳида кардани моҳи нав дар бегоҳи сешанбе, ба Шӯрои уламо дар тамос шаванд ва онҳо тавассути васоити ахбори омма оғози моҳи Рамазонро тағйир хоҳанд дод.

Ҳамчунин бар асоси тасмими Шӯрои уламо, андозаи садақаи Фитр 4 сомонӣ таъин гардид. Закоти мол, ки яке аз рукнҳои Ислом ба шумор меравад, тибқи қарори Шӯрои уламо 12200 сомонӣ муқаррар шуд ва аз он 305 сомонӣ садақа дода мешавад. Раиси Шӯрои уламо гуфт, ин муқаррарот вобаста ба қимати гандум ва тилло аст, ки дар ҳар замоне мувофиқи нархи он пардохт карда мешавад.

Шӯрои уламо оғози моҳи Рамазонро муайян кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:03 0:00

Аъзои Шӯрои уламо ҳамчунин пардохти фидяро, ки барои нафарони бемор ва барҷомонда бар ивази гирифтани рӯза аст, барои ҳаррӯз 10 сомонӣ ва дар 30 рӯз 300 сомонӣ муайян карданд. Саидмукаррам Абдулқодирзода гуфт, ки “фидя ба маънои он аст, ки агар шахси бемор ё барҷомонда имкони гирифтани рӯзаи моҳи шарифи Рамазонро надорад, метавонад ҳар рӯз як мискинро таом диҳад ва муайян карда шуд, ки 10 сомонӣ барои як нафар дар як рӯз ҳадди миёна аст.”

Ба гуфтаи Саидмукаррам Абдулқодирзода дар аксар кишварҳои атрофи Тоҷикистон рӯзи 18-уми июн аввали моҳи Рамазон муайян шудааст. Вай гуфт, ки комиссияи Шӯрои уламои Тоҷикистон дар муддати чор моҳ бо муфтиёти кишварҳои минтақа ва Осиёи Марказӣ дар тамос буд ва ба ин натиҷа расид, ки аввали моҳи Рамазон 18-уми июн муайян шавад. Ба гуфтаи вай, ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон рӯзи 18-уми июнро аввали моҳи Рамазон муайян кардаанд.

Шӯрои уламои кишвар ҳамчунин меъёри қироат ва ё хондани Қуръон дар намози таровеҳ дар масоҷидро на зиёдтар аз як пораи Қуръон муайян кард. Сабаби инро “гармои ҳаво, дарозии рӯз ва мавсими кори мардум”, арзёбӣ карданд.

Рамазон аз ҷумлаи моҳҳои солшумории ҳиҷрии қамарист ва дар тақвими исломӣ пас аз моҳи шаъбон ва пеш аз моҳи шаввол меояд. Дар ин моҳ мусулмонон ба ҷуз доштани рӯза, ба ибодат ва қироати Қуръон низ машғул шуда, қалби худро аз кина пок месозанд ва аз корҳои ғайришаръӣ даст мекашананд.

XS
SM
MD
LG