Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имкони афзоиши нируҳои Амрико дар Ироқ


Барак Обама
Барак Обама

Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико зери фишори мунаққидони Ҳизби Ҷумҳурихоҳ қарор дорад. Вай дар гузаштаи наздик эътироф кард, ки барои мубориза бо “Давлати исломӣ” “стратегияи комил” надорад ва интизор меравад, ки ба зудӣ дар бораи афзоиши нируҳои Амрико дар Ироқ фармон содир кунад.

Кохи Сафед масъалаи фиристодани 1000 нафари дигар мушовирону мураббиёни амрикоиро барои кӯмак ба нируҳои Ироқ баррасӣ мекунад, бо вуҷуди ин ки 9 июн як мақоми Амрико гуфт, ки дар маҷмуъ фиристодани 500 нафар имконпазир аст.

Барои ҷойгир кардани нируҳои иловагӣ давлати Амрико ташкили пойгоҳи нави низомӣ дар вилояти Анбарро баррасӣ мекунад.Дар ин вилоят тундравҳвои “Давлати исломӣ” таҷаммуъ кардаанд.

XS
SM
MD
LG