Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти як кас аз таркиш дар анбори сӯхт


Хадамоти давлатии вазъи изтирории Украина рӯзи 9 июн дар бораи дар бемористон даргузашти яке аз кормандони бар асари таркиш дар анбори сӯхт ҷароҳатбардошта хабар дод. Таркиши мудҳиш, ба иттилои вазири умури дохилии Украина Арсен Аваков, ҳангоми сӯхтор дар анбори маводи сӯхт, воқеъ дар шаҳри Василкив, воқеъ дар 30-километрии пойтахт, рӯй дод. Баъзе аз хабарнигорон аз ҷойи ҳодиса дар бораи даҳҳо таркиши дигар иттилоъ доданд.

Теъдоди қурбониёни таркиш ҳанӯз дақиқ нест – аз ин пеш нашрияҳо дар бораи ҳалокати дасти кам шаш нафар хабар дода буданд. Арсен Аваков дар Твиттер навишта буд, ки шаш тан аз сӯхторнишонҳо бо осори сӯхтагӣ ба бемористон интиқол ёфтанд, ду нафар беному нишон шудаанд.

Сӯхтор шоми рӯзи душанбе дар як бушкаи бузурги маводи сӯхт шурӯъ шуд ва айни ҳол 16 бушкаро фаро гирифтааст. Ба иттилои хадамоти наҷотбахшӣ, барои мубориза бо оташ беш аз 300 тан аз сӯхторнишонҳоро сафарбар кардаанд, аммо онҳо ба хомӯш кардани сӯхтор муваффақ нашудаанд.

XS
SM
MD
LG