Дар канори шаҳри Ҳармиш-Партенкирхени Олмон нишасти дурӯзаи сарони G-7 ё «ҳафтгонаи бузург» - ҳафт кишвари пешрафтаи саноатии олам ифтитоҳ мешавад. Ба ин нишаст Русия даъват нашудааст.
Қарор аст, ки президентҳои ИМА ва Фаронса, нахуствазирони Бритониё, Ҷопон, Италия, Канада ва садри аъзами Олмон масоили мубрами сайёра – вазъи иқтисоди ҷаҳонӣ, мубориза бо фақр, набард бо терроризм ва тағйири иқлимро баҳсу баррасӣ кунанд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, мавзӯи равобити Ғарб ва Русия дар пасманзари дубора тезутунд шудани авазоъ дар шарқи Украина ҳам ба рӯзнома ворид шудааст.
Дар арафаи нишасти «ҳафтгонаи бузург»дар шаҳри Ҳармиш-Партенкирхен миёни полис ва мухолифони нишасти G-7 бархӯрд ба вуқӯъ пайваст. Аз ҳарду тараф чанд кас ҷароҳат бардоштаанд. Ба гуфтаи созмондиҳандагон, дар намоиши эътирозӣ тақрибан ҳафтуним ҳазор нафар ширкат доштанд, полис шумораи эътирозгаронро 3600 нафар ҳисоб кардааст.