Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Попи Рум дар Сараево ниёиш анҷом медиҳад


Попи Рум Франсиск бо як сафари якрӯза вориди шаҳри Сараево, маркази Боснӣ ва Ҳерсеговина, шуд. Ҳадафи ин сафар – таҳкими робитаҳои мусолиматомез миёни ҷамоаҳои сербҳо, хорватҳо ва мусалмонҳои Боснист.

Ин сафар баъд аз тақрибан 20 соли ахти ҷанг дар ин минтақа сурат мегирад.

Қарор аст, ки Попи Рум дар варзишгоҳи олимпии Сараево дар ҳузури 65 ҳазор нафар ниёиш анҷом диҳад ва бо намояндагони динҳои католикӣ, православӣ, мусалмонӣ ва ҷамоаи хурди яҳудиҳо мулоқот кунад.

Баъд аз шурӯъи ҷанг дар Югославия дар соли 1992 сеяки хорватҳо, ки аз дини католикӣ пайравӣ мекунанд, Босниро тарк намуданд. Акнун Боснӣ, ки 3.8 миллион аҳолӣ дорад, аз Ҷумҳурии сербҳои Боснӣ ва Федератсияи хорватҳову мусалмонҳо иборат аст.

Барои таъмини амнияти сафари Попи Рум ба Сараево дасти кам 5 ҳазор кормандони полис сафарбар шудаанд. Қарор аст, ки сад ҳазор нафар барои дидори Попи Рум дар хиёбонҳо ҷамъ шаванд.

5 июн афроди мусаллаҳе, ки худро аъзои гурӯҳи «Давлати исломӣ» муаррифӣ кардаанд, дар як навори видеоӣ ба ҷиҳод дар нимҷазираи Балкан даъват намуданд, аммо маълум нест, ки ин даъват бо ташрифи Попи Рум ба Сараево рабте дорад ё на.

XS
SM
MD
LG