Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

"Давлати исломӣ" роҳи обро дар Рамодӣ баст

Тундравҳои “Давлати Исломӣ” баъзе аз обгузарҳои рӯдхонаи Фуротро дар наздикии Рамодӣ дар ғарби Ироқ бастаанд. Ба ин тартиб маҷрои об ба минтақаҳои зери назорати ҳукумати Ироқ дар поёноб камтар шудааст.Тундравҳо 3 июн даст ба ин кор задаанд ва дар поёноб таъмини оби ошомиданӣ, обёрии зироат барои ҳазорон нафар аҳолии маҳаллӣ ва нируҳои ҳукуматӣ ба хатар мувоҷеҳ шудааст.

Коҳиши об ҳамчунин ба нируҳои амниятӣ хатар эҷод мекунад. Онҳо мехоҳанд дубора назорат ба Рамодиро дар ихтиёри худ дароранд.

Агар сатҳи об дар рӯдхона поин равад, тундравҳо метавонанд аз рӯдхонаи Фурот бигзаранд ва дар наздикии пойгоҳи низомии Ҳабания мавзеъ бигиранд.

Ин пойгоҳро нируҳои ҳукуматии Ироқ ва тундравҳои шиа барои дубора ба контроли худ даровардани Рамодӣ ҷои муносиб медонанд.

Бори аввал нест, ки тундравҳои “Далати Исломӣ” ин рӯдхонаро чун васила ё аслиҳа интихоб мекунанд. Тобистони гузашта тундраваҳо обанбори Мавсилро ба назорати худ гирифта буданд. Ин бузургтарин обанбор дар Ироқ аст ва тундравҳо таҳдид карда буданд, ки обро сар медиҳанд ва минтақаҳои поёноб зери селоб мемонанд.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Мақомот нагузоштанд, Тихановская гирдиҳамоӣ баргузор кунад

Мақомоти интизомӣ рӯзи 4-уми август иҷоза надоданд дар шаҳри Салигорск, гирдиҳамоии мухолифон сурат бигирад.

Мақомоти Беларус дигарбора иҷоза надодаанд, ки Светлана Тихановская, номзад ба мақоми раиси ҷумҳур чорабиниҳои таблиғотӣ баргузор кунад, чун ба гуфтаи онҳо дар маҳалли гирдиҳамоиҳо корҳои сохтмонӣ сурат мегирад. Интихоботи раёсати ҷумҳурӣ рӯзи 9-уми август баргузор мешавад.

Дар шаҳри Слутск, 100 километрии ҷануби Минск мақомот рӯзи 4-уми август гуфтанд, маҳалле, ки бояд гирдиҳиҳамои мухолифон сурат мегирифт, ба таъмири фаврӣ зарурат дорад. Маркази ҳуқуқии “Весна” гуфт, ки маъмурони амниятӣ ва пулис камаш 17 нафар аз тарафдорони мухолифонро дастгир карданд, ки барои ширкат дар гирдиҳамоӣ ҷамъ омада буданд.

Светлана Тихановская ҳамчунин маҷбур шуд, як ҳамоиши дигареро дар шаҳри Салигорск лағв кунад. Дар майдони варзишие, ки гирдиҳамоӣ сурат мегирифт, мақомот экскаватор оварда ва нақб кандаанд. Пулис инҷо омада, мардумро пароканда карда ва 5 нафарро бурдааст.

Амрикои Лотинӣ аз назари талафот аз вирус Аврупоро гузашт

Табиби мексикоӣ ба бемори шифоёфтае менигарад.

Амрикои Лотинӣ аз назари талафот аз бемории COVID-19 аз Аврупо гузашт ва дар умум шумораи фавтидагон дар саросари ҷаҳон аз 700 ҳазор нафар гузашт. Дар Амрикои Лотинӣ марги 206 000 нафар аз коронавируси нав сабт шудааст, ки 30 дар сади талафот дар ҷаҳонро ташкил медиҳад.

Ҳафтаи гузашта теъдоди сироятшудагон дар Амрикои Лотинӣ ба 5 миллион нафар расид, ки бештар аз ҳар қораи дигар аст. Дар Бразилия, ки аз назари талафот пас аз Амрико дар мақоми дуввум аст, то кунун 95 800 нафар ҷон бохтаанд.

Мексика бо 49 ҳазор фавтида дар зинаи саввум аст. Баъзе аз кишварҳои минтақа пеш аз онки ҷилави бемориро бигиранд, барои ба ҳаракат даровардани иқтисод, маҳдудиятҳои равуо ва фаъолиятҳои иқтисодиро сабуктар карданд.

Дар саросари ҷаҳон то кунун бештар аз 18 миллиону 500 ҳазор нафар ба COVID-19 сироят кардааст. Дар бисёре аз кишварҳои Аврупо, ки бо маҳдуд кардани равуову фаъолиятҳои иқтисодӣ роҳи густариши босуръати вирусро гирифтанд, дар чанд ҳафтаи гузашта сироят зиёдтар шудааст.

Туркманистониҳоро барои напӯшидани ниқоб ҷарима мекунанд

Занони туркман дар яке аз хиёбонҳои Ишқобод.

Дар Туркманистон ҷарима кардани сокинонро барои напӯшидани ниқоби тиббӣ оғоз карданд. Ин дар ҳолест, ки мақомоти туркман мегӯянд, дар ин кишвар ҳанӯз ягон ҳолати мубталошавӣ ба коронавирус сабт нашудааст.

"Маъмурони пулис одамони бениқобро боздошт карда, зуд ба шуъба мебаранд ва 60 манат (17 доллар) ҷарима мекунанд", - иттилоъ медиҳад хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ.

Ба гуфтаи хабарнигор, аз боздоштшудаҳо ҳамчунин баёнот гирифта мешавад, ки дар оянда бидуни ниқоб ба кӯча намебароянд.

Ронандагони бениқобро ҳам дастгир карда, ба шуъбаи пулис мебаранд. Онҳоро дар ҳаҷми 50 манат ҷаримаи иловагӣ хоҳанд кард.

Бино ба иттилои расмӣ, дар Туркманистон то ҳол мубталошавӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Вале Вазорати тандурустии он кишвар ба сокинон тавсия додааст, ки ниқоб пӯшанд ва фосилаи иҷтимоиро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ риоя кунанд.

Аз президенти Қирғизистон хостанд, пеши роҳи "низоми қабилавию олигархӣ"-ро бигирад

Мухолиф ва вакили пешини порлумони Қирғизистон Бектур Асанов бо нашри як муроҷиатномаи видеоӣ аз президент Сооронбой Ҷеенбеков хост, нисбат ба муовини пешини раиси Хадамоти гумруки ин кишвар Райимбек Матраимов, маъруф ба "Райим миллион" чора андешад.

Асанов гуфт, фасодкорие, ки дар солҳои аввали истиқлоли Қирғизистон оғоз шуда буд, дар давраи ҳукумати кунунӣ низ идома дорад.

"Мутаассифона, фасодкории олигархӣ, роҳзанона ва қабилавие, ки дар давраи президентии Аскар Акаев ташкил шуда буд, дар давраи Сооронбой Ҷеенбеков низ идома дорад. Аз президент даъват мекунем, фавран нисбат ба раҳбари ин гуруҳ "Райим миллион" чораи қонунӣ андешад. Мо талаб дорем, ки президент то порлумони интихоботӣ ошкоро эълом кунад, ки аз кӣ - мардуми Қирғизистон ё гуруҳи роҳзанҳо ҷонибдорӣ менамояд",-изҳор медорад Асанов.

Дастгоҳи президенти Қирғизистон то ҳол ин муроҷиатномаро шарҳ надодааст.

Ғарби Туркманистонро бо ҳавопаймо зиддиуфунӣ карданд

Шаҳри Туркманобод.

Мақомоти вилояти Балкани Туркманистон тавассути ҳавопаймо ба шаҳри Туркманобод маводи зиддиуфунӣ пошиданд.

Ба иттилои хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ, шаҳрро дар рӯзҳои Иди қурбон "безарар" гардонданд. Давоми се рӯз сокинон ҳақ надоштанд, ки аз хона берун бароянд. Маводи зиддиуфуниеро, ки ҳавопаймо пошидааст, бо пули кормандони муассисаҳои буҷавӣ ва низомиён харидаанд.

Шаҳри Туркманбошӣ беш аз 70 ҳазор аҳолӣ дорад ва он маркази саноати коркарди нафт дар Туркманистон шумурда мешавад.

Мақомоти Туркманистон ҳамоно иддао доранд, ки дар ин кишвар коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Дар ҳоле ки аз охирҳои моҳи июл ба ин сӯ дар Туркманистон фаъолияти марказҳои бузурги савдо, бозору театр, боғ ва ширкатҳои хидматрасонӣ қатъ гаштааст. Ҳаракати қатораҳои мусофирбар ва парвози ҳавопаймо низ қатъ шуда буд.

Ҳайати Созмони ҷаҳонии тандурустӣ миёнаҳои моҳи июл дар поёни сафараш ба Туркманистон ба Ишқобод андешидани чораҳоеро тавсия дода буд, ки дар давраи ҳамагир шудани коронавирус лозиманд.

Баъд аз гузорише дар бораи Раҳмон, хабарнигори "Настоящее Время" бе парвонаи кор монд

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми сафараш ба ноҳияҳо

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Анӯшервон Орифов, хабарнигори телевизиони "Настоящее Время", як бахши Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодиро аз аккредитатсия ё парвонаи кор маҳрум кард. Дар ин бора мақомот рӯзи 4-уми август намояндаи дафтари Радиои Озодиро дар Душанбе расман огоҳ намуданд.

Муҳлати иҷозаи кори Анӯшервон Орифов рӯзи 1-уми август ба поён расид, вале масъулони вазорат онро дароз накарданд.

Мақомоти Тоҷикистон аз нашри ду матлаби вобаста ба равишҳои таблиғи эҳтимолии пеш аз интихоботи президентӣ дар пойгоҳҳои Радиои Аврупои Озод/Радио Озодӣ норозӣ ҳастанд ва онро "муғризона" медонанд. Муаллифи яке аз ин матлабҳо Анӯшервон Орифов аст.

Қарор аст, тирамоҳи имсол дар Тоҷикистон интихоботи президентӣ баргузор шавад, аммо санаи дақиқи он ҳанӯз эълон нашудааст. Новобаста аз ин, дар ин давра сафарҳои президент Эмомалӣ Раҳмон ба минтақаҳои кишвар афзуд ва бозтоби сафарҳои ӯ дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ бештар шуд.

Соли 2016 баъд аз нашри хабаре дар бораи соҳиби мақом шудани яке аз духтарони раиси ҷумҳур дар Вазорати умури хориҷӣ, парвонаи кори хабарнигорони Радиои Озодиро дар Душанбе бозхонд карда буданд.

Дар ҳоли ҳозир вазорат аз додани парвонаи кор ба чандин корманди Радиои Озодӣ дар Тоҷикистон худдорӣ мекунад.

Албания як ҷавони тоҷикро ба Душанбеву Маскав надод, ба Олмон супурд

Фурудгоҳи Франкфурт. Олмон. Акс аз бойгонӣ.

Албания шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистон Комрон Зуҳуровро, ки ба узвият дар гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ муттаҳам мешавад, ба мақомоти Олмон таслим кардааст. Додситонӣ рӯзи сешанбе гуфт, ин гурӯҳ қасд дошт ба муассисаҳои низомии Амрико дар Олмон ҳамла кунад.

Додгоҳе дар Тирана, пойтахти Албания моҳи июни имсол гуфта буд, Зуҳуровро "бо сабаби эҳтимолан мавриди шиканҷа қарор гирифтанаш" ба Русия ва Тоҷикистон намефиристад.

Чаҳор шаҳрванди дигари Тоҷикистон дар миёнаҳои моҳи апрели имсол дар Олмон боздошт шуда буданд ва раҳбари эҳтимолии онҳо аз моҳи марти соли 2019 ба ин тараф дар боздошт ба сар мебарад.

Тафтишот мегӯяд, Комрон Зуҳуров ва гумонбарони дигар дар моҳи январи соли 2019 ба сафи ДОИШ пайваста, ният доштанд ба Тоҷикистон сафар кунанд ва бо ҳукумати он кишвар мубориза баранд.

Комрон Зуҳуровро моҳи майи имсол бо дархости Олмон дар Албания боздошт карданд.

Вакили дифои Зуҳуров – Аслан Додҷанӣ дар додгоҳ гуфтааст, нафари зери ҳимояти ӯ иттиҳоми тафтишоти Олмонро рад кардааст. Додҷанӣ гуфтааст, пеш аз ҳабсаш Зуҳуров давоми ду сол дар Олмон зиндагӣ мекард ва моҳи феврали имсол ба Албания барои дидани холааш рафт.

Вакили дифои ҷавони тоҷик гуфтааст, ӯ худро ихтиёран ба полис таслим кард.

Мақомоти Олмон рӯзи 15-уми апрел эълон карданд, ки панҷ шаҳрванди Тоҷикистонро бо гумони тарҳрезӣ ва қасди ҳамлаи террористӣ дар сарзамини Рейни Шимолӣ-Вестфалия боздошт кардаанд. Яке аз ин гумонбарон як сол пеш боздошт шуда дар зиндон қарор дошт.

Додситонии ин кишвар аз онҳо Азизҷон Б., Муҳаммадалӣ Г., Фарҳодшоҳ К., Суннатуллоҳ K. ва Равшан Б. ном бурд.

Додситонҳо мехоҳанд, ҳисоботҳои молиявии Доналд Трампро тафтиш кунанд

Сайрус Ванес аз додгоҳ хостааст, ки амр бидиҳад,то санадҳои дигари Доналд Трампро барои тафтиш дар ихтиёри додситонҳо бигузоранд.

Яке аз додситонҳои Ню Йорк мегӯяд, ки таҳқиқи парвандаи тиҷоратҳои раиси ҷумҳур Доналд Трампро васеътар кардааст ва ҳоло тақаллубҳои эҳтимолии бонкӣ ва бимаи ширкатҳои ӯро тафтиш мекунанд. Сайрус Ванс, додситони Манҳеттен рӯзи 3-уми август гуфт, аз тариқи додгоҳ талаб кардаанд, ки санадҳои хусусии раиси ҷумҳур ва ҳисоботи молиёти ширкатҳояшро дар ихтиёри додситонҳо гузорад.

Дархост аз додгоҳ бахше аз тафтишоти парвандаи Трамп аст, ки ба пардохти “ҳаққи сукут” ба ду зане, муттаҳам мешавад, ки гӯё Доналд Трамп бо онҳо робитаи маҳрамона доштааст ва қабл аз интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ба онҳо пул додааст, ки ин сирро пинҳон доранд. Доналд Трамп ин иддаоро рад кардааст.

Вакилонаш аз додгоҳ тақозо кардаанд, ки дархости додситонро рад кунад. Додситонҳои Ню Йорк ҷузъиёти дархост аз додгоҳро ошкор накардаанд, вале гузоришҳои матбуотиеро ёдрас шудаанд, ки дар онҳо омадааст, Доналд Трамп, барои камтар пардохтани молиёт доир ба арзиши моликияту тиҷоратҳояш иттиллои нодуруст додааст.

Медведев гуфт, ҷинояткорӣ дар байни муҳоҷирон зиёд шудааст

Дмитрий Медведев гуфтааст, ки 40 дар сади муҳоҷирон бекор мондаанд.

Дмитрий Медведев, муовини раиси Шӯрои Амнияти Миллии Русия гуфт, ба сабаби пандемияи коронавирус, ҷинояткорӣ дар байни муҳоҷирон дар кишвараш зиёд шудааст. Медведев ҳангоми ҷаласаи шӯро дар рӯзи 3-уми август гуфт, ки дар натиҷаи пандемия 40 дар сади муҳоҷирон дар Русия аз ҷойи корашон маҳрум шудаанд.

Ӯ афзудааст, чунин шароит “бешубҳа барои афзоиши ҷиноят замина месозад”. Вазорати умури дохилии Русия рӯзи 25-уми июл муҳоҷиронро ба афзоиши ифротгароӣ, вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ва тазоҳуроти беиҷоза муттаҳам кард. Ду рӯз баъд аз ин Хадамоти Федеролии Амнияти Русия гуфт, ки як муҳоҷири тоҷикро, ки қасди ҳамлаи террористӣ дар Маскав дошт, куштааст.

Аксари муҳоҷирон дар Русия аз кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла Тоҷикистон ҳастанд, ки дар сохтмонҳо кор мекунанд ва ба поккории кӯчаву хиёбон ва хонаҳо машғуланд. Дмитрий Медведев гуфт, мумкин аст, ки Русия муқаррароти қабули муҳоҷиронро сахттар кунад ва дар сурати қонуншиканиҳои онҳо, ҷавобгарии ширкатҳои кордиҳандаро бештар кунад.

Сапкало мегӯяд, Лукашенко аз тазоҳургарон метарсад

Валерий Сапкало аз ҳаққи ширкат дар интихобот маҳрум шудааст.

Валерий Сапкало яке аз рақибони табъидии Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Беларус мегӯяд, дар сурати тазоҳуроти бузург баъд аз интихобот, ин раҳбари худкома ба зидди тазоҳургарон аз нерӯ истифода нахоҳад кард.

Мухолифат ба Лукашенко, ки 26 сол аст, Беларусро раҳбарӣ мекунад, дар арафаи интихоботи рӯзи 9-уми август зиёд шудааст, бо вуҷуди онки таҳлилгарон мегӯянд, ки ӯ дигарбора бо истифода аз тақаллуб ва саркӯби мухолифон дар интихобот пирӯз мешавад.

Валерий Сапкало, тоҷири шинохта ва сафири собиқ, ки аз рақибони ҷиддии Лукашенко ба ҳисоб меравад, гуфтааст, ки дар сурати тазоҳуроти садҳо ҳазор нафар ҳангоми интихобот ва баъди он мумкин аст, ки Александр Лукашенко аз кишвар бигурезад. Ӯ дар суҳбат бо телевизиони “Настояшее Время” гуфт, ки ӯ шояд Лукашенко ба ҳавопаймо нишаста ва ягон ҷо биравад.

Мақомоти Беларус Валерий Сапкало ва видеоблоггери шинохта Сергей Тихановскийро аз ҳаққи ширкат дар интихобот маҳрум карданд. Сапкала, аз тарси онки мисли ду довталаби мақоми курсии раиси ҷумҳур боздошт шавад, аз Беларус гурехт.

Коршиносони СММ гуфтаанд, Куриёи Шимолӣ бомби хурди атомӣ сохтааст

Куриёи Шимолӣ то кунун 6 дафъа озмоиши атомӣ анҷом додааст.

Баъзе аз кишварҳо бовар доранд, ки Куриёи Шимолӣ бомби хурди атомие сохтааст, ки метавонад, ба мушакҳои баллистикӣ насб ва партоб кунад. Ин хулосаи гуруҳе аз коршиносони Созмони Милали Муттаҳид аст, ки дар як гузорише ба Шӯрои Амният пешниҳод кардаанд. Хабаргузориҳои “Ройтерс” ва Хабаргузории Олмон гуфтанд, ки гузориши мазкурро рӯзи 3-уми август ба 15 узви Шӯрои Амният пешниҳод кардаанд ва онро бар асоси иттилооте таҳия кардаанд, ки аз кишварҳои узви Созмони Милал омода шудааст.

Дар гузориш омадааст, ки Куриёи Шимолӣ ҳамчунон барномаҳои атомиашро идома медиҳад, аз ҷумла ураниуми ғализ истеҳсол карда ва як реактори таҷрибавии оби сабук месозад. Куриёи Шимолӣ то кунун 6 дафъа озмоишҳои атомӣ анҷом додааст ва охирини он моҳи сентябри соли 2017 буд. Ким Ҷонг Ун, раҳбари Куриёи Шимолӣ ҳафтаи гузашта гуфт, ки бомби атомӣ амният дар кишварашро замонат медиҳад.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико ва раҳбари Куриёи Шимолӣ аз соли 2018 то кунун се дафъа бо ҳам мулоқот кардаанд, вале ба ҳеҷ пешрафте ноил нашудаанд. Амрико аз Куриёи Шимолӣ мехоҳад, аз сохтани силоҳҳои атомӣ даст бикашад, Пхенян мехоҳад, таҳримоти байналмилалӣ ба зидди онро бардоранд. Бинобар ҳамин барномаҳои атомӣ ва сохти мушакҳои баллистикӣ Куриёи Шимолӣ аз соли 2006 то ҳол зери таҳримоти Созмони Милал қарор дорад.

Бонки авросиёии рушд ба Тоҷикистон $50 млн қарз дод

Акс аз бойгонӣ.

Бунёди авросиёии рушд барои мубориза бо оқибатҳои бемории COVID-19 ба Тоҷикистон 50 миллион доллар қарзи боимтиёз ҷудо кард. Дар изҳороти созмон аз 3-уми август гуфта мешавад, ки Шӯрои роҳбарон чунин қарор қабул кард.

Гуфта мешавад ин маблағ барои иҷрои барномаи ҳукумат ва Бонки миллии Тоҷикистон барои муқобила бо оқибатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва молиявии кишвар ихтисос дода шудааст.

Қарз ба муҳлати 20 сол ба Тоҷикистон дода шудааст ва муҳлати имтиёзноки он 10 сол мебошад. Пас аз ин муҳлат кишвар барои бозгардони ин қарз шурӯъ мекунад. Баҳраи солонаи қарз 1 фоиз дар сол муайян шудааст.

Мақомот дар Тоҷикистон мегӯянд, то кунун аз созмонҳои байналмилалӣ барои мубориза бо COVID-19 ва оқибатҳои иҷтимоиву иқтисодии он 260 миллион доллар ҷалб кардаанд.

Ба ҳисоби мақомот Тоҷикистон барои рафъи таъсири манфии ношӣ аз COVID-19 дар умум ба 650 миллион доллар ниёз дорад.

Дар Қирғизистон як марди 101-сола аз COVID-19 шифо ёфтааст

Қирғизистон. Акс аз бойгонӣ.

Вазири тандурустии Қирғизистон Айнура Акматова рӯзи душанбе 3-уми август гуфт, ки дар ин ҷумҳурӣ як марди 101-сола аз бемории COVID-19 шифо ёфта, аз бемористон раҳо шуд. Акматова афзуд, дар 24 соати гузашта 410 ҳодисаи нави сирояти COVID-19 дар ин кишвар ба қайд гирифта шудааст. Шумораи умумии сироятёфтагон ба 37 ҳазору 129 нафар расид. Ӯ афзуд, бар асари бемории коронавирус 1427 нафар дар Қирғизистон ҷони худро аз даст додаанд..

Дар Қазоқистон занон барои кудакозорӣ ҳукми қатл талаб доранд

Таҷаммуи занон дар шаҳри Нурсултон зидди кӯдакозорӣ. 3 август, 2020.

Ҳудуди 20 зан рӯзи 3-юми август дар маркази шаҳри Нурсултон ҷамъ омада, талаб карданд, ки барои озору азияти ҷинсии кӯдакон дар Қазоқистон ҳукми қатл пешбинӣ шавад.

Занон гуфтанд, шумораи ин навъи ҷиноят дар Қазоқистон афзоиш ёфта, ҳукумат нисбат ба он "бетаваҷҷуҳӣ" мекунад. Ба гуфтаи ҷамъшудаҳо, ҷазое, ки ҳоло барои ҷинояти мазкур дар қонунгузорӣ пешбинӣ шудааст, "ба андозаи кофӣ сангин нест".

"Ман талаб мекунам, ки кӯдакозорҳо (педофилҳо) ба қатл маҳкум шаванд. Вақте кӯдаконро ҳимоят карда наметавонем, пулис ва нерӯҳои мусаллаҳ барои чӣ лозиманд? Агар вазъи равонии кӯдакон ва ҳаёти онҳоро ҳимоят карда наметавонем, пас ҳукумат барои чӣ лозим аст?", - изҳор дошт яке аз занон бо номи Молдир Сарсенбаева, ки модари панҷ фарзанд аст.

Бонувони норозии қазоқ ҳудуди ду соат ҷамъ шуда, талабҳои худро ба мақомот ироа карданд. Вазъро пулис назорат мекард. Намояндагони маъмурияти ноҳияи Есил ба назди занон рафта, гуфтанд, дар шаҳр карантини сахт ҷорӣ аст ва бояд пароканда шаванд.

Лаҳистон "Газпром"-ро 50 миллион евро ҷарима кард

Қароргоҳи марказии "Газпром" дар Маскав.

Идораи ҳифзи рақобат ва ҳимояти ҳуқуқи истеъмолкунандагони Лаҳистон ширкати "Газпром"-ро барои ироа накардани маълумот дар бораи лоиҳаи "Ҷараёни шимол-2" ҷарима кард. Дар иттилоияи ниҳоди зиддиинҳисории Лаҳистон ҳаҷми ҷарима 50 миллион евро гуфта шудааст. Ин ҳадди аксари ҷаримаест, ки қонунҳои Лаҳистон пешбинӣ мекунанд.

Далели ҷарима он будааст, ки "Газпром" дар бораи созишномаҳои ширкати зертобеи худ - Nord Stream 2 бо ширкатҳои аврупоии сармоягузори тарҳ маълумот пешниҳод накардааст. Ниҳоди зиддиинҳисории Лаҳистон дар ҳоли ҳозир фаъолияти шаш ширкати аврупоӣ бо шумули "Газпром"-ро тафтиш дорад. Ширкатҳо ба он айбдор мешаванд, ки гӯё барои сармоягузории тарҳ бидуни иҷозати мақомоти Лаҳистон консирсиюм ташкил кардаанд. Пештар низ ширкати фаронсавии Engie ба хотири ироа накардани маълумот ҷарима шуда буд.

"Газпром" то ҳол қарори мақомоти Лаҳистонро шарҳ надодааст..

"Ҷараёни шимол-2"-ро расман на консирсиюм, балки ширкати зертобеи "Газпром" бо қарзи ширкатҳои аврупоӣ бунёд мекунад. Вале дар Варшава ҳамоно исрор мекунанд, ки барои иҷрои тарҳ консирсиюм ташкил шудааст, ки хилофи қонунҳои Лаҳистон мебошад.

"Ҷараёни шимол-2" қарор аст, аз баҳри Балтик убур карда, гази Русияро то Олмон расонад. Интизор меравад, сохтмони ду лулаи газ, ки иқтидори умумиашон 55 млрд метри мукааб газро дар сол дар бар мегирад, охири соли 2019 анҷом шавад.

Сохтмони лоиҳаро ширкати русии "Газпром" бар уҳда дорад ва ширкатҳои олмонии Uniper ва Wintershall, гуруҳи англисиву ҳолландии Royal Dutch Shell, ширкати фаронсавии Engie ва австрагии OMV дар ин сохтмон шариканд. Арзиши умумии сохтмон 9,5 миллиард евроро ташкил медиҳад.

Дар Узбекистон кумакпулии бекоронро мансабдорон гирифтаанд

Вилояти Намангони Узбекистон.

Мансабдорони вилояти Намангони Узбекистон 216,2 млн. сӯм ($21 ҳазор)-и пули буҷаро, ки барои сокинони бекор ҷудо шуда буд, азхуд кардаанд.

Ба иттилои расонаҳо, кормандони Маркази мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар Намангон санадҳоро сохтакорӣ карда, нишон додаанд, ки дар корҳои ҷамъиятӣ 204 нафар иштирок намудаанд.

Шахсоне, ки номашон дар санадҳо зикр шудааст, барои пайдо кардани ҷои кор ба марказ муроҷиат накардаанд ва дар рӯйхати афроди бекор низ нестанд. Дар натиҷа мансабдорон 216,2 млн сӯмро азхуд кардаанд.

Зидди кормандони марказ бо ду банд, аз ҷумла "Дуздӣ ё азхудкунӣ" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Пештар расонаҳо хабар доданд, ки дар ноҳияи Сергелии Тошканд низ кормандони бунёди хайрияи "Маҳалла" 95,8 млн сӯми созмонҳои кумакрасонро, ки барои ниёзмандон ҷудо шудааст, азхуд кардаанд.

Дастури нав. Дар Хуҷанд арӯсу домод аз тести коронавирус мегузаранд

Пештар ҳангоми ворид шудан ба тӯйхонаҳо таби сокинонро месанҷиданд. Ҳамчунин пӯшидани ниқоби тиббӣ ҳатмист

Дар Хуҷанд, маркази вилояти Суғд, дастур шудааст, ки арӯсу домод ва иштирокдорони дигари тӯй пеш аз маросим аз ташхиси коронавируси нав гузаранд. Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати шаҳри Хуҷанд рӯзи 3-юми август хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, Маъруф Муҳаммадзода, раиси Хуҷанд, дар ҷаласаи Ситоди муқобила бо COVID-19 гуфтааст, "ин тадбир барои пешгирӣ аз паҳншавии беморӣ амалӣ карда мешавад."

Пештар ҳангоми ворид шудан ба тӯйхонаҳо таби сокинонро месанҷиданд. Ҳамчунин пӯшидани ниқоби тиббӣ дар чунин маъракаҳо ҳатмист.

Ин тасмим дар ҳоле гирифта шудааст, ки дафтари матбуоти ҳукумати Хуҷанд аз қавли Маъруф Ҳоҷибоев, муовини сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд, навишт, "таҳлили даҳрӯзаи охир нишон медиҳад, ки теъдоди беморони илтиҳоби шуш ва короновирус рӯ ба афзоиш ниҳодааст".

"Мутаассифона, ин беморӣ бидуни нишона зуҳур намудааст, ки ташвишовар гардидааст", -- гуфтааст ӯ.

Дар нишасти Ситоди муқобила бо COVID-19 дар маркази Суғд аз он нигаронӣ шудааст, ки дар баъзе аз марказҳои савдову бозорҳо ва ошхонаҳо чораҳои пешгирӣ аз бемории ҳамагир риоя намешавад. Маъруф Муҳаммадзода гуфтааст, "дар сурати иҷро нагардидани чораҳо, фаъолияти ин марказҳои савдо бе огоҳӣ қатъ карда мешавад, зеро саломатии шаҳрвандон аз ҳама манфиатҳо боло меистад."

Аз охири моҳи апрел то 3-юми август дар Тоҷикистон, ба иттилои расмӣ, беш аз 7500 кас ба бемории коронавируси нав гирифтор шуда, зиёда аз 6300 нафар шифо ёфтаанд. 61 ҳам ҷони худро аз даст додаанд. Омори ғайрирасмӣ аз ин бештар гуфта мешавад.

Рамазон Раҳимзода: То ҷасади Гулмурод Ҳалимовро набинем...

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар нишасти хабарии 3-юми августи 2020

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, бар асоси иттилое, ки дастрас кардаанд, Гулмурод Ҳалимов – сардори пешини ОМОН – дар як амалиёт дар Сурия кушта шудааст. Рамазон Раҳимзода айни замон гуфт, то ҷасадашро набинанд, ин хабарро пурра тасдиқ карда наметавонанд.

"Аз рӯйи нишондоди дастгиршудаҳо ва ахбороти дигар ҳамроҳи аҳли оилааш дар амалиёти муштарак дар Сурия нобуд карда шудааст. Ин аз рӯйи шоҳидии шахсонест, ки дастгир шудаанд", -- гуфт вазир дар нишасти хабарии 3-юми август дар шаҳри Душанбе.

Аммо, ба қавли ӯ, "то мурдаашро набинем ва шахсияташ тасдиқ нашавад, онро пурра тасдиқ карда наметавонем."

Гулмурод Ҳалимов
Гулмурод Ҳалимов

Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи собиқи нерӯҳои вижаи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, соли 2015 ба сафи гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ пайваст ва то ба сатҳи "вазири ҷанг"-и ин созмони террористӣ расид.

Аз соли 2017 ба ин сӯ дар бораи захмӣ шудан ва ҳалокати ӯ дар Ироқу Сурия чанд дафъа гузоришҳо нашр шудааст. Вазорати дифои Русия соли 2017 эълон кард, ки ӯ дар як ҳамла дар минтақаи Дейр-Аз-Зори Сурия “сахт захмӣ шуд”. Нашряи “Таймс” ҳамон сол дар бораи ҳалокати ӯ дар Ироқ хабар дод, вале марги ӯро ягон кишвар расман тасдиқ накардааст.

Гулмурод Ҳалимов дар Тоҷикистон ба “зархаридӣ ва ширкат дар ҷангҳои кишварҳои хориҷӣ” айбдор аст. Ӯ таҳти таҳрими Созмони Миллали Муттаҳид қарор дорад ва Амрико барои маълумоти арзишманд дар бораи макони ӯ 3 миллион доллар ваъда карда буд.

Ҷеенбеков қонун "Дар бораи дасткории иттилоъ"-ро имзо накард

Сооронбой Ҷеенбеков

Президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков ба қонун "Дар бораи дасткории иттилоъ", ки 25-уми июл аз сӯи порлумони ин кишвар қабул шуда буд, эътироз кард.

Ҷеенбеков, аз ҷумла пешниҳод кард, ки механизми иҷро ва ҷанбаҳои техникии назорати қонун бозбинӣ шавад. Ин кор бояд бо ҷалби намояндагони ҷомеа, коршиносон ва ниҳодҳои давлатӣ сурат гирад.

Президенти Қирғизистон афзуда, ки озодии изҳори назар ва озодии иттилоъ яке аз ҳуқуқҳои асосии инсонанд, ки Конститутсияи ин кишвар ва созишномаҳои минтақавию байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи башар кафолат додаанд.

Ба ин тартиб, Ҷеенбеков қонуни мазкурро барои бозбинӣ баргардонд.

Дар Беларус ҷаласаи ғайринавбатии порлумон баргузор мешавад

Яке аз суханрониҳои Лукашенко дар ҳузури порлумон дар соли 2016

Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Беларус бо судури қароре, вакилони ин кишварро ба ҷаласаи ғайринавбатии порлумон даъват кард. Даъвати ҷаласа чанд рӯз пеш аз интихоботи раёсати ҷумҳурӣ сурат мегирад, ки қарор аст, рӯзи 9-уми август сурат бигирад.

Наталя Эйсмант, сухангӯи Лукашенко рӯзи 2-уми август гуфт, ки раиси ҷумҳур рӯзи 4-уми август дар ин ҷаласа дар ҳузури вакилони мардумӣ суханронӣ мекунад. Баъди авҷ гирифтани фишор ба раиси ҷумҳур аз тарафи рақибонаш Лукашенко ҷаласати ғайринавбатии порлумонро ба рӯзи 3-уми август таъйин кард.

Ӯ гуфт, ки ба сабаби эпидемияи коронавирус ҷаласаро, ки қарор буд, моҳи апрел баргузор шавад, ба рӯзҳои баъди гузошт. Светлана Тихановская, номзади мухолифон ба мақоми раиси ҷумҳур рӯзи 28-уми июл гуфт, ки ба ҳарду палатаи порлумон, Кумиссиёни марказии интихобот ва Кумитаи миллии телевизион ва радио дархост кардааст, ки ба ӯ ҳам иҷоза бидиҳанд, дар рӯзи нутқи Александр Лукашенко, ӯ ҳам суханронӣ кунад. Аммо ба эҳтимоли ғолиб ба ӯ чунин иҷозаро намедиҳанд.

Ҳафтаҳои гузашта даҳҳо ҳазор нафар дар шаҳри Минск ва дигар шаҳрҳои Беларус ба нишони ҳимоят аз ӯ ва мухолифи Александр Лукашенко эътироз карданд. Дар умум, Шӯрои Миллӣ ва ё порлумони Беларус салоҳиятҳои зиёде надорад ва ҳамаи қудрат дар дасти ҳукумати Александр Лукашенко аст, ки аз соли 1994 аз замони ба даст овардани истиқлол, раиси ҷумҳури Беларус аст. Мухолифат ба ӯ, ки номзадиашро бори шашум аст, ба мақоми раиси ҷумҳур пешниҳод мекунад, рӯ ба афзоиш овардааст .

Ҳангоми тақсими кумаки иҷтимоӣ дар Тошканд ҷанҷол сар зад

Дар ноҳияи Сергелии шаҳри Тошканд рӯзи 31-уми июл ҳангоми тақсими кумаки иҷтимоӣ, ки президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар замони пандемияи коронавирус ваъда додааст, миёни сокинон ва намояндагони кумитаи маҳаллаҳо ҷанҷол сар зад.

Сокинони норозӣ гуфтанд, намояндагони кумитаи маҳаллаҳо ёриҳоро на ба ниёзмандон, балки шиносҳои худ тақсим мекунанд. Як манбаъ гуфт, ҳодисаҳои ҳамсон дар вилояти Хоразм ҳам мушоҳида шудааст.

Видеое, ки дар Интернет нашр шуд, нишон медиҳад чӣ гуна кормандони ҳифзи ҳуқуқ талош доранд, ҷонибҳои низоъро ором кунанд.

Дар навор ҳамчунин ҷанҷоли намояндагони кумитаи маҳаллаҳо бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ низ сабт шудааст. Сокинони Сергелӣ дар навор мегӯянд, намояндагони кумита ба ниёзмандони воқеӣ мадад намекунанд.

Дар натиҷа рӯзи 1-уми август ба ноҳияи Сергелӣ намояндагони ҳукумати Узбекистон ва шаҳрдории Тошканд рафтанд. Ба иттилои расонаҳо, сокинони норозӣ бо муовини сарвазир ва вазири рушди иқтисодиву коҳиши фақр дар Узбекистон Ҷамшед Кучкаров, вазири умури маҳалла ва хонаводаҳо Раҳмат Маматов ва шаҳрдори Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев мулоқот карданд.

Намояндагони ҳукумати Узбекистон ба сокинони Сергелӣ ваъда додаанд, ки масъалаи расонидани кумаки иҷтимоиро баррасӣ хоҳанд кард. Шаҳрдори Тошканд ба сокинон як рӯз вақт додааст, ки бо раисони маҳаллаҳо рӯйхати ниёзмандонро худ таҳия кунанд.

"Ин кумак 700 ҳазор сӯм аст. Дар аввал дар ҳар як лифофа дар ҳақиқат 1 миллион сӯм (100 доллар) буд, вале вақте дарёфткунандагон лифофаҳои худро пинҳон карданд, намояндагони кумитаи маҳаллаҳо ва маъмурият гуфтанд, ҳар нафари шумо бояд 300 ҳазор сӯмиро баргардонад, дар ғайри сурат дафъаи оянда ба рӯйхати ниёзмандон шомил намешавед", - мегӯяд муаллифи навор.

Помпео гуфт, ширкатҳои амрикоӣ аз вазъи Шинҷон "акнун огоҳ мешаванд"

Майк Помпео

Вазири умури хориҷии Амрико Майк Помпео гуфт, ширкатҳои амрикоӣ акнун дар бораи поймол шудани ҳуқуқи инсон дар минтақаи Шинҷони Чин огоҳ шуданд. Ӯ бори дигар аз ширкатҳо даъват кард, ки тасмими роҳандозии тиҷорат дар он минтақаро бознигарӣ кунанд.

Помпео рӯзи 2-юми август дар суҳбат бо телевизиони Fox News гуфт, Амрико тасмим дорад, рӯзҳои наздик ба зидди ширкатҳои чинӣ дар бахши таъмини барномаҳо чора андешад. Вай ҳамчунин афзуд, созиши тиҷоратии Чину Эрон ба нооромшавии вазъ дар Ховари Миёна мусоидат мекунад.

Ба гуфтаи вай, "Корпуси истеҳсолӣ-сохтмонии Шинҷон" (XPCC), ки Вазорати молияи Амрико рӯзи 31-уми июл онро таҳрим кард, бо ширкатҳои ғарбӣ, аз ҷумла амрикоӣ "робитаҳои зич" дорад. Помпео изҳор дошт, ки "Корпуси истеҳсолӣ-сохтмонии Шинҷон" дар истеҳсоли пахта ширкат дошт. "Фикр намекунам, баъзе аз ширкатҳо, брендҳои Амрико мехоҳанд ба он чи дар онҷо рух медиҳад, рабт дошта бошанд", - афзуд котиби давлатии Амрико.

Таҳримҳо ҳабси дороии ширкатҳо ва мансабдоронро пешбинӣ ва муносибатҳои кории шаҳрвандони ИМА-ро бо онҳо манъ мекунад. Брендҳои амрикоӣ, ки бо истеҳсоли либос машғуланд, қисми зиёди пахтаро аз Чин ворид мекунанд.

Помпео Ҳизби коммунисти Чинро ба анҷоми "чизҳои даҳшатовар" нисбат ба уйғурҳо ва мусулмонони туркзабони Шинҷон, аз қабили нозо кардани занону сиқти иҷбории ҳамл айбдор кард.

Дар Қазоқистон дар як рӯз аз COVID-19 ва илтиҳоби шуш 55 кас фавтидааст

Яке аз марказҳои ташхис дар шаҳри Алмато.

Вазири тандурустии Қазоқистон Алексей Сой 3 август дар як нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки 2 август дар он кишвар 798 ҳолати мубталошавӣ ба илтиҳоби шуши коронавирусӣ ба қайд гирифта шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, шумори умумии ҳолатҳои фавт бар асари коронавирус ё COVID-19 дар Қазоқистон ба 1058 расид. Дар давоми як шабонарӯз дар ин кишвар 34 кас аз коронавирус ва 21 нафар аз илтиҳоби шуш фавтидааст.

Сой дар посух ба рӯзноманигорон иддао дар бораи онро рад кард, ки гӯё мақомоти қазоқ маълумоти воқеӣ дар бораи ҳамагир шудани коронавирусро аз сокинон пинҳон мекунанд.

"Мо ҳамаи ҳолатҳои илтиҳоби шушро нишон медиҳем. Инҷо ягон пинҳонкорӣ нест. Ин рақамҳо воқеӣ ва барои сокинон дастрасанд. Ҳамаи омори беморонро дорем",-афзуд вай.

Вазири тандурустии Қазоқистон гуфт, шумораи мубталоён ба коронавирус барои он афзоиш меёбад, ки онҳо санҷиши сокинон аз вирусро бештар кардаанд.

Бино ба омори расмӣ, дар ин кишвар дар маҷмӯъ 92 662 кас ба коронавирус мубтало шудааст, ки 67,5 дарсади онҳо аллакай шифо ёфтаанд

Коронавирус сатҳи бекориро дар Узбекистон боло бурд

"Мардикорбозор"-и Тошканд. Акс аз бойгонӣ.

Вазорати меҳнат ва муносибатҳои кории Узбекистон хабар дод, ки дар шаш моҳи аввали соли равон дар ин кишвар сатҳи бекорӣ ба 13,2 дарсад расидааст.

Ба гуфтаи вазорат, сатҳи бекорӣ дар Узбекистон дар натиҷаи маҳдудиятҳои марбут ба коронавирус боло рафтааст.

Як пажӯҳиш нишон дода, ки мизони бекорӣ дар миёни қишри фаъоли аҳолии Узбекистон аз нигоҳи иқтисодӣ 13,2 дарсадро ташкил медиҳад. Ин нишондод дар ҳамин давраи соли гузашта 9,1 дарсад будааст.

Шумори умумии узбекистониҳое, ки ба ҷои кор ниёз доранд, ба 1 994,0 ҳазор расидааст (Сатҳи бекорӣ дар миёни ҷавонони аз 16 то 30-сола 20,1 дарсад, дар миёни бонувон 17,4 дарсад).

Ин пажӯҳиши вазорат дар асоси меъёрҳои тавсиявии Созмони байналмилалии кор дар 101 шаҳру ноҳияи Узбекистон анҷом шудааст.

"Болға"-ро, ки Мексикаро ба "дод оварда буд", дастгир карданд

Маъмурони амниятӣ баъди боздошти "Болға" назорати кӯчаҳои шаҳрро тақвият бахшиданд.

Мақомоти интизомии Мексика раҳбари бадноми як гуруҳи ҷиноиро дастгир карданд, ки аз сабабгорони асосии афзоиши қатлу куштору ҷиноят дар иёлати Хуанухуато ба ҳисоб меравад. Додситонии иёлат рӯзи 2-уми август эълон кард, ки Хосе Антонио Йепез Ортиз раҳбари гуруҳи ҷиноии Санта Роза де Лимаро дастгир карданд.

Мақомоти Мексика Йепез Ортизро, ки бо лақабҳои “Эл Марро” ва “Болға” маъруф шудааст, солҳо боз ҷустуҷӯ доштанд. Ба гуфтаи мақомоти интизомӣ, ӯро ҳамроҳ бо панҷ муттаҳам ба рабудани як соҳибкори зан дастгир кардаанд. Гуруҳи ҷиноии Санта Роза бо дуздии нафт аз лӯлаву полоишгоҳҳои давлатӣ ва ғорати қаторҳои сӯзишворӣ қудрат гирифт.

Баъди тақвияти муҳофизати ин иншоот гуруҳ ба одамрабоӣ ва тамаъҷӯӣ оғоз кард. Чанде пеш гуруҳи Санта Роза бо гуруҳи ҷиноии дигар бо номи Ялиско ҷангро шуруъ кард, ки мехоҳад, назорат бар шаҳри Хуанхуато, як маркази муҳими саноатиро зери назорат гирад. Бар асоси омор, дар шаҳри Хуанхуато дар соли 2019 3540 нафар ва ё рӯзона то 10 нафар кушта шудаанд.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG