Додситонии шаҳри Маскав рӯзи 27 май хабар дод, ки шаҳрванди 23-солаи Тоҷикистон Олимҷони Солиҳзода аз пойтахти Русия ба Душанбе истирдод шудааст. Олимҷони Солиҳзода, бино бар ин манбаъ, ҳанӯз моҳи июни соли 2014 дар ҳавзаи Ғарбии пойтахти Русия аз сӯи маъмурони пулис дастгир шуда буд. Ӯ аз сӯи мақомоти Тоҷикистон бо иттиҳоми ғоратгарӣ дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доштааст. Додситонии Маскав мегӯяд, дар Тоҷикистон Олимҷони Солиҳзода ва шариконаш ба ғорати барномарезишуда ва базӯрии 1000 доллар пули як зан айбдор мешаванд. Ин ҳамлаи ғоратгарона дар моҳи августи соли 2012 сурат гирифтааст. Қарори истирдоди Солиҳзодаро додситонии кулли Русия содир карда, ӯро аллакай ба Тоҷикистон фиристодаанд.